Тоҷикистон дар ҷойи охир. Муқоисаи нарх ва суръати интернет дар кишварҳои Осиёи Марказӣ

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи худ ба парлумон ва ҷаласаи солони ҳукумати кишвар аз сифат ва нархи интернет дар Тоҷикистон интиқод кард ва ба масъулин барои беҳтар кардани вазъ дастур дод.

Сифату суръати интернет дар Тоҷикистон солҳост мавриди интиқоди корбарон қарор дорад ва бори аввал аст, ки роҳбари давлат ба он дахл кард.

Баъди интиқоди президент, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ки қаблан интиқоди аҳолиро оид ба сифат ва нархи интернет қабул намекард, гуфт аллакай, ситод таъсис ёфта, суръати интернетро беҳтар ва қимати онро аз ҳисоби роҳандозии роҳҳои алтернативӣ коҳиш медиҳанд.

Бо ишора ба ваъдаи мақомоти масъул, “Азия-Плюс” тасмим гирифт, сифат ва нархи кунунии интернетро дар кишварҳои Осиёи Марказиву Афғонистон ва мавқеи Тоҷикистонро дар раддабандиҳои байналмилалӣ муқоиса кунад, то баъдан инмконияти баҳо додан ба фаъолияти анҷомдодаи мақомот фароҳам ояд.

Интернети мобилӣ

Тоҷикистон дар раддабандии “Speedtest Global Index” аз рӯи суръати интернети мобилӣ дар моҳи декабри соли 2022 байни 141 кишвари ҷаҳон дар ҷои 5-ум аст. Баъди Тоҷикистон танҳо Гана, Венесуэла, Куба ва Афғонистон қарор доранд. Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба истиснои Туркманистон, дар ҷои охир аст. (Маълумот дар бораи ин кишвар дастрас нест).

 

 

Аз ҳама ташвишовар нархи интернети мобилӣ аст. Дар рейтинги “Worldwide mobile data pricing 2022” Тоҷикистон бо нархи миёнаи 1,94 доллар барои 1 ГБ дар ҷаҳон ҷои 131-умро ишғол мекунад. Дар ҳоле ки кишварҳои ҳамсоя дар вазъи беҳтар қарор доранд: Қирғизистон дар ҷои 6-ум ($0,17), Ӯзбекистон дар ҷои 15-ум ($0,37), Қазоқистон дар ҷои 16-ум ($0,37) ва ҳатто Афғонистон дар ҷои 64-ум ($0,90). Дар Туркманистон гаронтарин интернет дар ҷаҳон аст – ба ҳисоби миёна 14,27 доллар барои 1 ГБ.

 

 

Интернети ноқилӣ

Аммо аз лиҳози суръати интернети ноқилӣ Тоҷикистон дар ҷои беҳтар – дар байни 178 кишвари ҷаҳон дар ҷои 118-ум қарор дорад. Дар ин раддабандӣ Қирғизистон дар ҷои 83, Ӯзбекистон дар ҷои 89, Қазоқистон дар мавқеи 96, Туркманистон ва Афғонистон дар ҷойҳои 176-177 қарор доранд.

 

 

Маълумот дар бораи арзиши миёнаи интернети ноқилӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ мавҷуд нест ва аз ин рӯ муқоиса кардан ғайриимкон аст.

Дар TelegramFacebookInstagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...