Биноҳои ширкати Бег Сабурро “ба шароити имрӯз мутобиқ гардонида” ба истифода медиҳанд

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон биноҳои баҳсбарангези мансуб ба ширкати “Комил 2010”-ро, ки гуфта машавад молики он Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аст, “мустаҳкам ва ба шароити имрӯза мутобиқ гардонида, ба истифода медиҳад”. Дар ин бора Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон имрӯз, 8-уми феврал, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, ин ширкат то ҳол ҳаққи сохтмони бинои навро дар пойтахт надорад ва “ҳозир сохтмони нав надоранд”.

“Тибқи дастуру супоришҳои Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дар назди шаҳрдорӣ комиссияи корӣ ташкил шудааст ва онҳо дар робита ба биноҳои ин ширкат корбарӣ карда истодаанд. Аз сабаби он ки аллакай барои сохтмон маблағ сарф шудааст, дар оянда биноҳоро мустаҳкам ва ба шароити имрӯза мутобиқ гардонида, ба истифода медиҳем”, – гуфт Низом Мирзозода.

Номбурда афзуд, дар робита ба ин масъулин аз ҷумла, Хадамоти назорати сохтмон корбарӣ карда истодааст ва дар ин иншоотҳо камбудиҳоро ошкор кардаанд.

Дар Душанбе сохтмони якчанд биноҳои баландошёнаро ба Бег Сабур марбут медонанд. Аксаран аз ҷараёни сохтмону сифати корҳои ин изҳори норозигӣ мекунанд, лекин бинобар арзонтар будани хонаҳо нисбат ба дигар сохтмонҳо, ба онҳо таваҷҷуҳ менамоянд.

Дар гузашта низ чанд мақомдор аз кори ин ширкат дар Душанбеву Кӯлоб танқид карда буданд.

Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси собиқи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар нишасти матбуотии соли 2021 гуфта буд, ки ширкатҳои Бег Сабур – “Комил-2010” ва “Ниагара” бо дастури раиси шаҳри Душанбе вориди “рӯйхати сиёҳ” шудаанд ва ба онҳо дигар иҷозаи сохтмон дода намешавад.

Дар ҳамин ҳол, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе низ дар як ҷаласа аз сохтмони иншоот дар пойтахт ва кори ширкатҳои сохтмонӣ изҳори норозигӣ карда, дастур дода буд, ки дар наздиктарин фурсат камбудиҳо дар ин самт бартараф карда шаванд.

Ба гуфтаи раиси пойтахт, дар сохтмони манзил ширкатҳо меъёрҳоро риоя намекунанд ва дар ин робита, кори комиссияҳои қабули давлатии иншооту биноҳо беҳбудиро тақозо менамояд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...