Қурби доллару евро нисбати сомонӣ боло мераваду рубл поин

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Аз аввали соли ҷорӣ пули миллии Тоҷикистон дар баробари доллари амрикоӣ ва асъори ягонаи аврупоӣ тадриҷан беқурб шуда, ҳамзамон нисбат ба рубли Русия гарон шуд.

Мувофиқи қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон, сомонӣ аз 1 январ то имрӯз (10 феврал) нисбати доллар 1,8% арзон шуд – аз 10,20 сомонӣ барои 1 доллар то 10,38 сомонӣ.

Дар ин давра қурби пули маҳаллӣ нисбати евро нисбатан назаррас – 2,9% (аз 10,92 то 11,18 сомонӣ) поин рафт.

Нисбат ба пули Русия бошад, аз оғози сол қурби сомонӣ баръакс, 1,4% – аз 144 сомонӣ барои 1000 рубл то 142 сомонӣ боло рафт.

Дуруст аст, ки дар муқоиса бо тағйири ҳамвор дар таносуби сомонӣ ба доллару евро, дар ин муддат ҷаҳиши шадид дар ин ё он самт бо қурби рубл мушоҳида шуд. Масалан, нимаи моҳи январ 1000 рубл қариб 150 сомонӣ арзиш дошт.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта барои пули Тоҷикистон соли ғайриодӣ буд – қурби сомонӣ нисбат ба ҳамаи асъори дар боло зикршуда боло рафт: қурби расмии сомонӣ нисбати доллар ба андозаи 9,4%, евро – 14,8% ва рубл – 3,7%.

Маъмултарин асъори хориҷӣ дар Тоҷикистон доллари амрикоӣ боқӣ монд. Аммо дар натиҷаи гузариши Тоҷикистону Русия дар тиҷорати дуҷониба дар соли 2022 аз доллар ба рубл, талабот ба пули ИМА дар ҷумҳурӣ ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст. Гап дар сари он аст, ки ҳудуди сеяки молу маҳсулот аз Русия ворид мешавад.

Дар бозори асъори Тоҷикистон камбуди рубл вуҷуд надорад, ба мисле, ки бо доллар буд, зеро пули Русия ҳамарӯза ба миқдори зиёд тавассути интиқоли пули муҳоҷирони корӣ ба ҷумҳурӣ ворид мешавад.

Маблағи интиқол бо рубл дар Тоҷикистон тибқи дастури Бонки миллӣ аз соли 2016 танҳо бо сомонӣ ва мубодилаи он бо қурби замони гирифтани пул дода мешавад. Мутаносибан, чӣ қадре, ки қурби рубл нисбати сомонӣ болотар бошад, ҳамин қадр бештар оилаҳои муҳоҷирони корӣ пул мегиранд ва баръакс.

Чаро рубл арзон мешавад?

Дар ҳамин ҳол, коршиносони Русия пас аз дирӯз босуръат поинравии қурби рубл нисбати доллару евро идомаи ин тамоилро то охири моҳи феврал пешгӯӣ мекунанд.

“Рӯзи панҷшанбе, 9 феврал рубл нисбати доллару евро арзон шуд. Қурби доллари амрикоӣ аз 73 рубл ва евро – 78 рубл боло рафт. Ҳарду асъор ахиран охири моҳи апрели соли гузашта чунин нишондиҳандаҳо доштанд”, – менависад МК.

Таҳлилгари TeleTrade Марк Гойхман бар ин назар аст, ки оқибатҳои маҳдудиятҳои содирот ба миён омадаанд – эмбарго ба интиқоли нафт ва маҳсулоти нафтӣ ба Иттиҳоди Аврупо, ҳадди ниҳоии нархҳо барои дигар соҳаҳои тиҷорат ва инчунин коҳиши фурӯши газ дар хориҷа.

Роҳбари департаменти таҳлилии AMarkets Артем Деев поин рафтани қурби рублро ба коҳиши якбораи даромади Русия аз содироти мол (3,5 баробар дар моҳи январи соли ҷорӣ дар муқоиса бо моҳи январи соли 2022) шарҳ медиҳад.

“Ин ба динамикаи рубл таъсир мерасонад, ки бо афзоиши мушкилоти марбут ба содироти мол, поинравии қурбаш идома меёбад. Шояд давоми моҳи феврал як доллар 76-78 рубл ва евро то 80 рубл боло равад”, – хулоса кардааст коршинос.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...