8 млн cомонӣ қарзи “Қалъаи Муғ” дар Истаравшан аз куҷост?

Фарзона Муродӣ, махсус барои Asia-Plus

Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии “Қалъаи Муғ”-и шаҳри Истаравшан, ки пас аз бозсозии куллӣ дар моҳи июни соли 2018 бо иштироки раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд, аз чандин ширкат ба маблағи 8 млн сомонӣ қарздор шудааст. То имрӯз 2,6 млн сомонӣ қарзро ҳукумати шаҳри Истаравшан пардохтааст, аммо теъдоди шикояткунандагон рӯз ба рӯз афзоиш меёбад.

Дар ин хусус Адҳам Маъмурзода, раиси шаҳри Истаравшан ҳафтаи қаблӣ, дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, ки баҳси қарздории “Қалъаи Муғ” то ба Додгоҳи олии кишвар рафтаву ҷандин санҷишро паси сар кардааст, аммо то ҳол мушаххас нест, ки ин мавблағи ниҳоӣ аст ё эҳтимол дорад боз афзоиш ёбад.

Бояд гуфт, ду сол қабл Фурқат Хоҷазода, додситони вилояти Суғд дар робита ба қарзи ин маҷмааи таърихӣ гуфта буд, ки “масъулони ҳукумати Истаравшан тақрибан 1 миллион сомониро ғайримақсаднок истифода кардаанд”.

“Ҳукумат барои бозсозии қалъа бо ширкати “Манора” ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ шартнома баста буд. Аз он 532 ҳазор сомониашро супурда, 961 ҳазор сомонии дигарро ба шахсе бо насаби Каримов додаанд, ки ба ширкати “Манора” робитае надошт”, – шарҳ  дода буд  Хоҷазода.

Ҳамин тавр, бо гузашти вақт маълум шуд, ки “Қалъаи Муғ” аз чандин ширкати сохмонӣ ва хизматрасонӣ қарздор шудааст.

“Соли 2020 вақте Палатаи ҳисоб ва Прокуратураи генералӣ ҳисоб карданд, ҳукумати шаҳр тақрибан аз 13 ширкат 8 млн сомонӣ қарздор баромад. Дар давоми солҳои 2021-2022 ҳукумати шаҳри Истаравшан тавонист 2,6 млн сомонӣ қарзи қалъаро ба ширкатҳои шикояткунанда пардозад”, – гуфт Адҳам Маъмурзода.

Раиси шаҳр мегӯяд, ҳоло танҳо 4 ширкат боқӣ мондааст, ки бояд маблағи хизматрасонии худро бигирад, аммо теъдоди онҳое, ки бо даъвоҳои нав муроҷиат мекунанд, афзудааст.

“Вақте ҳукумати шаҳр пардохти қарзро оғоз кард, шикоятҳои нав ба нав пайдо шуданд. Аз ин лиҳоз, ҳоло мо рақами мушаххас оид ба қарзро гуфта наметавонам. Зеро, баъзе аз ширкаҳое, ки берун аз ҳисобу санҷиши Прокуратураи генералӣ ва Палатаи ҳисоб мондаанд, ба мо асоснок шикоят мекунанд, ки маблағи хизматашонро нагирифтаанд”,  – иброз дошт раиси шаҳри Истаравшан.

Ҳамакнун, ба қавли раиси шаҳри Истаравшан, аз ҳисоби барзиёд иҷро кардани нақшаи андоз ва дарёфти манобеи нави андозсупоранда, онҳо марҳила ба марҳала қарзро пардохт мекунад. Зеро соли 2021 дар асоси қарори Маҷлиси вакилони шаҳр “Қалъаи Муғ” ба муассисаи давлатӣ табдил дода шуд ва ҳоло барои нигоҳдории “Қалъаи Муғ” солона атрофи 200 ҳазор сомонӣ ҷудо мешавад.

Гуфтан ба маврид аст, ки бостоншиносон пайдоиши Қалъаи Муғро ба асри панҷи то милод баробар мекунанд ва ҳоло он дар баландии 1040 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, дарозии деворҳояш 600 метр ва майдони умумияш 6 гектарро ташкил медиҳад. Ин мавзеъ 1500 сол оташкада ё ибодатгоҳи зардуштиён будааст ва имрӯз яке аз мавзеъҳои тамошоботи шаҳри Истаравшан ба шумор меравад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...