Аввал иҷозати мақомот ва баъд пахши суруд дар телевизиону радио

Афзал Босолиев, махсус барои "Asia-Plus"

Минбаъд сарояндагони вилояти Суғд танҳо пас аз иҷозаи Раёсати фарҳанги вилоят метавонанд суруди худро тавассути телевизион ва радио пахш намоянд. Дар ин бора Бахтиёр Қосимов, сардори Раёсати фарҳанги вилоят дар нишасти хабарии ин ниҳод, ки санаи  8-уми феврал баргузор гардид,  иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, дар бархе аз шабакаҳои телевизиониву  радиоӣ  сурудҳое пахш мегарданд, ки мазмуну мӯҳтавои дуруст надоранд ва дар сатҳи хеле паст  таҳия шудаанд.

“Минбаъд ҳар моҳ ду маротиба сурудҳои сарояндаҳо дар Шӯрои бадеӣ, ки роҳбари он муовини раиси вилоят Зайнура Азимӣ аст,  мавриди муҳокима қарор дода мешавад. Агар матн ва оҳанги он хуб  бошад, баъд барои пахш дар телевизиону радио иҷозат дода мешавад”, – зикр кард Бахтиёр Қосимов.

Ба қавли ин масъули фарҳанги вилоят, агар суруди пешниҳодгардида камбудӣ дошта бошад, барои ислоҳи он маслиҳатҳо ироа мегардад.

Дар Шӯрои бадеӣ, ки ҳамакнун сарояндагон танҳо бо иҷозаи он суруди худро метавонан дар телевизиону радио пахш кунанд, оҳангсозон, адибон ва шахсиятҳои шинохтаи санъату ҳунар шомил будаанд.

“Ҳозир мактуби расмӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, раиси Шӯрои бадеӣ, муовини раиси вилоят Зайнура Азимӣ омода мешавад ва он ба роҳбарони ВАО дастраст мегардад”, – афзуд Бахтиёр Қосимов.

Худи Зайнура Азимӣ, муовини раиси вилоят низ дар ҷаласаи ҷамъбастии Раёсати фарҳанги вилоят, ки 24-уми баргузор шуд, иштирок карда, аз фаъолияти Шӯрои бадеии назди Раёсати фарҳанги вилоят интиқод кардааст.

Ӯ гуфтааст, матни  сурудҳое, ки пешниҳод мешавад, дар сатҳи зарурӣ нест. Аз ин сабаб, фаъолияти Шӯрои бадеӣ бояд пурзӯр карда шавад ва он матнҳое, ки ба оҳанг дароварда мешаванд, бояд аз назари ҳамаи аъзоёни Шӯро гузаронида шавад.

“Баъзе сурудҳоро гӯш мекунед, рости гап, одам шарм медорад. Ин хел мумкин нест. Шӯрои бадеӣ ҳаст,  фарҳанг ҳаст, мақомот ҳаст.  Пештар  он дар Шӯроҳо  муҳокима мешуд”, – зикр кардааст Зайнура Азимӣ.

Бояд гуфт, ки таҷрибаи ташхиси пешакии суруд қабл аз пахши он тавассути телевизиону радиоҳо дар ҷумҳурии ҳамсояи Ӯзбекистон чанд сол аст, ки ҷорӣ аст ва сарояндагони ӯзбек қабл аз пахши сурудҳои худ дар радиову телевизионҳо ҳатман иҷозаи мақомотро мегиранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...