“Фурсати донистан”: Шиноснома хориҷӣ ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ватанро чӣ гуна метавон дастрас кард?

Asia-Plus

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем.

Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Мадина Отабоева бо Меҳрубон Зокирӣ мавзуи додани шиносномаҳои хориҷӣ ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ватан ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Барои сафар ба хориҷа ва бозгашт ба Ватан ба шаҳрвандон кадом ҳуҷҷатҳо дода мешаванд? 

Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади сафари хориҷа, истиқомати доимӣ дар хориҷа ва бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зерин дода мешаванд:

– шиносномаи дипломатӣ, аз он ҷумла шиносномаи дипломатии дорои маълумоти электронӣ;

– шиносномаи хизматӣ, аз он ҷумла шиносномаи хизматии дорои маълумоти электронӣ;

– шиносномаи хориҷии умумишаҳрвандӣ, аз он ҷумла шиносномаи хориҷии умумишаҳрвандии дорои маълумоти электронӣ;

– шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шиносномаи хориҷии умумишаҳрвандӣ

Баъди қабули ҳуҷҷатҳои дахлдор ва гузаронидани санҷиши муқарраршуда, ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ шиносномаи хориҷӣ ба расмият дароварда мешавад.

Шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳуруфоти кириллӣ (бо забони тоҷикӣ) ва лотинӣ (бо забони англисӣ) пур карда мешаванд. Шиносномаи хориҷӣ дар асоси маълумоте, ки дар шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт шудааст, ба расмият дароварда мешавад. Шиносномаи хориҷии шаҳрванди ноболиғ, дар асоси маълумоте, ки дар шаҳодатномаи таваллуди кӯдак сабт шудааст, ба расмият дароварда мешавад.

Дар кадом ҳолатҳо шиносномаҳои хориҷӣ иваз карда мешавад?

То ба итмом расидани мўҳлати амали шиносномаи хориҷӣ, иваз намудан ва додани шиносномаи хориҷӣ дар ҳолатҳои зерин ба амал бароварда мешавад:

– дар мавриди тағйир ёфтани мақоми хизматии соҳиби шиноснома, агар чунин тағйирот иваз намудани як намуди шиносномаи хориҷиро ба намуди дигараш талаб намояд;

– дар мавриди дар шиноснома мавҷуд набудани саҳифаи холӣ барои дарҷи сабт, қайдҳо ва раводид;

– дар мавриди фарсудашавии механикии шиноснома ё корношоямии он барои истифодаи минбаъда;

– дар мавриди гум шудани шиноснома;

– дар ҳолати аз ҷониби шаҳрванд бо тартиби муқарраршуда дигар кардани насаб, ном ва номи падар;

– дар ҳолати гирифтани шиносномаи дуюм.

Шаҳодатномаи бозгашт ба чист ва дар куҷо дода мешавад?

Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муваққатии муайянкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳуқуқи ўро барои бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд ва ба мӯҳлати на зиёда аз 60 рўз дода мешавад. Шаҳодатномаи бозгашт танҳо барои баргаштани шаҳрванд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда, барои буду бош дар хориҷа асос шуда наметавонад.

Шаҳодатномаи бозгашт ба шахси муроҷиаткунанда то баргаштани ӯ ба Ватан танҳо як маротиба дода мешавад. Дар ҳолатҳои истисноии дар мӯҳлати муқарраргардида баргашта натавонистани шаҳрванд (ҳолатҳои фавқулодда, бемории вазнин ва дигар ҳолатҳои аз шаҳрванд вобаста набуда), шаҳодатномаи бозгашт дар асоси аризаи асосноки шаҳрванд бо замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи асоснок дубора содир карда мешавад.

Шаҳодатномаи бозгашт аз ҷониби намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва дар ҳолати мавҷуд набудани муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ё он давлат аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад:

Барои гирифтани чунин шаҳодатнома кадом ҳуҷҷатҳоро пешниҳод бояд кард?

Шаҳодатнома дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин дода мешавад:

– аризаи муроҷиаткунанда;

– маълумотномаи шўъбаи корҳои дохилӣ ва ё дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлати иқомати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба муроҷиати ин шаҳрванд оиди ҳодисаи гум шудани шиноснома;

– ҳуҷҷатҳое, ки шахсият ва мансубияти муроҷиаткунандаро ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамоянд (шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳодатномаи таваллуд, билети ҳарбӣ, шаҳодатномаи шахсияти хизматчии ҳарбӣ, билети ҳарбии офитсери захира) ва ғ.ҳ.

– 2 дона сурати рангаи ҳаҷмаш 3х4;

– расид дар бораи пардохти хироҷи консулӣ (агар дар он муассиса додани чунин намуди ҳуҷҷат музднок бошад).

Дар ҳолати мавҷуд набудани ин ҳуҷҷатҳо чӣ мешавад?

Дар ҳолати мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои зикршуда, корманди масъули намояндагии дипломатӣ ё муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ҷиҳати муайян намудани шахсияти муроҷиаткунанда ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мустақиман ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ба сохторҳои маҳаллии он дархост ирсол менамояд.

Намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ дар хориҷа, пас аз муайян кардани мансубияти шахси муроҷиаткунанда ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳодатномаи бозгашт медиҳанд.

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...