Сардори бахши дин барои ба Ҳаҷ рафтан аз вазифа сабукдӯш шуд

Ҳусейнхон Ҳакимов, сардори шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пас аз адои Ҳаҷҷи умра аз вазифа сабукдӯш шудааст. Дар ин бора Нусратулло Салимзода, раиси тозатаъини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ӯ гуфт, “сардори шӯъбаи дин, танзим анъана ва ҷашну маросими ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои бемувофиқа ва худсарона ба […]

Фарзона Муродӣ, махсус барои Asia-Plus

Ҳусейнхон Ҳакимов, сардори шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пас аз адои Ҳаҷҷи умра аз вазифа сабукдӯш шудааст. Дар ин бора Нусратулло Салимзода, раиси тозатаъини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, “сардори шӯъбаи дин, танзим анъана ва ҷашну маросими ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои бемувофиқа ва худсарона ба сафари Ҳаҷҷи умра рафтан аз вазифа сабукдӯш карда шуд”.

Зарина Эгамбердиева, мутахассиси пешбари шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров имрӯз дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки Ҳусейнхон Ҳакимов моҳи январи соли ҷорӣ ба Ҳаҷҷи умра рафт ва пас аз бозгашт аз вазифа сабукдӯш гардид.

“Ҳоло ба ҷойи Ҳусейнхон Ҳакимов сармутахассиси шуъба фаъолият дорад ва касе сардор интихоб нашудааст”, – гуфт Зарина Эгамбердиева.

Суҳроб Рустамзода, сардори раёсати дин, танзими анъана ва ҷашну маросими вилояти Суғд имрӯз, 14-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ барканории Ҳусейнхон Ҳакимовро тайид карда, гуфт, ки аз кор озод кардану ба кор қабул кардани сардори шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳия ба салоҳияти раиси ноҳия ворид мешавад, аз ин лиҳоз, дар ин хусус маълумот надорад.

Дар ҳамин ҳол, гуфта намешавад, ки Ҳусейнхон Ҳакимов мушаххасан бар асоси кадом меъёри қонунгузории кишвар аз вазифа сабукдӯш шудааст.

Кӯшишҳои мо барои дастрас кардани назари худи Ҳусейнхон Ҳакимов бенатиҷа анҷомид ва ӯ ба зангҳои батакрори мо посух надод.

Гуфтан ба маврид аст, ки ҳамасола аз Тоҷикистон ба зиёрати Ҳаҷ ҳазорон нафар сафар мекунанд. Арабистони Саудӣ ҳамчун мизбон ҳамасола барои кишварҳо квотаи мушаххас ҷудо мекунад ва имсол барои Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кардааст. Аммо ҳазорон нафари дигар давоми сол ба Ҳаҷҷи умра низ мераванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.