Дар Хоруғ манзилҳо зери тарма монданд. 5 нафар аз зери барф берун оварда шуданд

Asia-Plus

Рӯзи 14 феврал тахминан соати 10-и субҳ дар мавзеи Шош-Хоруғи ВМКБ тарма фаромада, якчанд хона ва одамон зери он монданд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти КҲФ ҶТ Умеда Юсуфӣ.

Айни замон, ба гуфтаи ӯ, наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар ВМКБ, неру ва воситаҳои Низоми давлатии ягона оид ба рафъи оқибатҳои ҳолати фавқулодаи ВМКБ дар ҷойи ҳодиса машғули коранд.

“Панҷ нафар, аз ҷумла як кӯдаки 5-сола зери тарма монда, лекин базудӣ аз асорати барф озод карда шуданд”, – хабар дод Юсуфӣ.

Дар навори видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, ки чӣ гуна сокинони маҳаллӣ барои тоза кардани манзилҳо аз барф кумак мекунанд.

Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулолаи ҷумҳурӣ, дирӯз, 14 феврал дар қаламрави ВМКБ 9 ҳодисаи тармафароӣ ба қайд гирифта шудааст.

Кумита хабар дод, ки дирӯз дар километри 8-уми роҳи мошингарди Хоруғ-Роштқалъа, ки аз тариқи қаламрави деҳаи Шодии ҷамоати деҳоти ба номи Қурбоншо Гадоалиеви ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ мегузарад, бар асари барфрезии зиёд тарма фаромад.

Ин вақт микроавтобус бо 10 мусофир (8 мард ва 2 зан) аз роҳ мегузаштааст. Тарма микроавтобусро пӯшонида, сипас он ба ҷарии 5-метра чаппа мешавад ва ба соҳили дарёи Шоҳдара партофта мешавад.

“Пас аз расидани хабар гурӯҳи навбатдори наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита дар ВМКБ ҳамроҳи дастаи ихтиёриёни имдодгарони Агентии Оғо Хон оид ба Ҳабибат ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд”, – мегӯянд дар КҲФ.

Вақте ки имдодгарон ба ҷойи ҳодиса ҳозир мешаванд, маълум мешавад, ки ҳамаи мусофирон зинда монда, бархе осебҳои гуногун дидаанд. Онҳо осебдидагонро аз автомашина берун оварда, ба бемористони Хоруғ бурдаанд.

Қаблан Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ аз боришоти пуршиддат дар рӯзҳои наздик огоҳ карда буд.

Рӯзҳои 15-17 феврали соли ҷорӣ дар минтақаҳои кӯҳии Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ ба амал омадани боришот (борон, барф)-и бошиддат пешгӯӣ мешавад.

Гуфта мешавад, дар минтақаҳои кӯҳии Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ сар задани зуҳуроти тарма аз эҳтимол дур нест.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз аҳолӣ дархост менамояд, ки аз сафару сайругашт ба қитъаҳои дорои хатари фаромадани тарма худдорӣ қарда, ҳушёру эҳтиёткор бошанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...