Хоруғ: Ҳалокати чанд нафар дар пайи фаромадани тарма

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Бар асари фаромадани тарма дар мавзеи Шош-Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, чанд нафар ба ҳалокат расидаанд. Ҳодиса субҳи имрӯз рух додааст.

Дар ин бора як манбаъ аз ҷойи ҳодиса ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар пайи ин ҳодиса, дастикам 4-5 нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар ҳамин ҳол, ин манбаъ гуфт, ки то ҳол маълум нест, ки онҳо сокинони ин маҳалла ҳастанд ва ё меҳмонон аз манотиқи дигар.

"Ду нафари фавтидагон дар роҳ ба бемористон ба ҳалокат расидаанд. Аз субҳ боз дар саросари Хоруғ нерӯи барқ ​​ва об нест", – афзуд манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, портали Your.tj бо такя ба манобеи худ хабар медиҳад, ки дар ин ҳодиса се нафар ба ҳалокат расидаанд.

Радиои Озодӣ бошад бо такя ба КҲФ хабар дод, ки ду нафар дар зери тарма ба ҳалокат расидааст.

Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ҳодиса субҳи имрӯз дар кӯчаи Носири Хусрав рух дод ва ҳоло наҷотбахшон дар маҳалли ҳодиса қарор доранд.

“То ин соат 7 сокин, бо шумули як кӯдаки 5 сола, аз зери тарма берун кашида шудаанд. Ду нафари дигар ба ҳалокат расидааст. Ҷустуҷӯйи сокинони дигар идома дорад”, – гуфтааст Умеда Юсуфӣ.

Ба гуфтаи ӯ, тарма ба хатти нерӯи барқ низ осеб расонда, шаҳри Хоруғро бе барқ гузоштааст.

Дар ҳамин ҳол, сомонаи расмии КҲФ ва МГ менависад, ки дирӯз, 14-уми феврал, дар километри 8-уми роҳи мошингарди Хоруғ – Роштқалъа низ як мошин бо даҳ мусофир ва ронанда зери тарма мондаанд. Дар ин ҳодиса талафоти ҷонӣ набудааст, вале ҳамаи мусофирон ҷароҳат бардоштаву ба бемористон интиқол дода шуданд.

Гуфта мешавад, ки ҳодисаи мазкур дар деҳаи Шодии ҷамоати деҳоти Гадоалиеви ноҳияи Роштқалъа рух додааст ва тарма мошини “Toyota-микроавтобус”-ро бо ронанда ва 10 мусофираш ба соҳили рӯди Шоҳдара партоб кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...