Теъдоди қурбониёни тармафуроӣ ба 16 нафар расид

Теъдоди қурбониёни тармафуроии 15-уми феврал дар Тоҷикистон ба 16 нафар расид. Ба иттилои як манбаъи “Азия-Плюс” ҷасади яке аз нафарони зери тарма монда дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ имрӯз пайдо карда шуд. Ба иттилои манбаъ, ин сокини маҳаллӣ Маъруф Гулов аз деҳаи Хаспо мебошад. Бояд гуфт, Гулов ва як сокини дигари маҳаллӣ шоми 15-уми феврал ба […]

Asia-Plus

Теъдоди қурбониёни тармафуроии 15-уми феврал дар Тоҷикистон ба 16 нафар расид.

Ба иттилои як манбаъи “Азия-Плюс” ҷасади яке аз нафарони зери тарма монда дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ имрӯз пайдо карда шуд. Ба иттилои манбаъ, ин сокини маҳаллӣ Маъруф Гулов аз деҳаи Хаспо мебошад.

Бояд гуфт, Гулов ва як сокини дигари маҳаллӣ шоми 15-уми феврал ба маросими ҷанозаи сокини 31-солаи деҳаи Садвадғ Салмон Дилдоров, ки ӯ низ зери тарма монда, фавтида буд, мерафтанд.

Нафаре, ки Маъруф Гуловро ҳамроҳӣ мекард, бо кумаки сокинон аз зери тарма зинда наҷот дода шуд, аммо худи ҷасади Гуловро як рӯз баъд пайдо карданд.

Ҳамин тариқ, деъдоди қурбониёни тармафуроӣ дар тамоми қаламрави кишвар – Хоруғ, Варзоб ва Ванҷ ба 16 нафар расид.

Ёдовар мешавем, ки субҳи 15 феврал дар кӯчаи Носири Хисрав дар шаҳри Хоруғ бар асари фаромадани тарма 13 нафар, аз ҷумла кӯдакон, ба ҳалокат расиданд.

Ба иттилои КҲФ Тоҷикистон, аксари ҷонбохтагон зодагони ноҳияи Мурғоб мебошанд, ки дар Хоруғ иҷоранишин буданд. Дар миёни қурбониён сокинони худи Хоруғ, рустои Ҷарши ноҳияи Роштқалъа ва рустои Дерзуди ноҳияи Рӯшон низ ҳастанд.

12 нафарро наҷот дода, бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол додаанд. Дар байни онҳо сокинони Мурғоб, Роштқалъа, Ишкошим ва Хоруғ низ ҳастанд.

Ба иттилои КҲФ, рӯзи 16 феврал корҳои наҷотдиҳӣ дар Хоруғ анҷом ёфт. Дар онҳо намояндагони Раёсати КҲФ дар ВМКБ, қувваҳо ва воситаҳои Низоми ягонаи давлатии рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар ВМКБ иштирок намуданд.

Тибқи маълумоти ахир, дар пайи тармафуроӣ 4 хона пурра хароб гашта, 35 бинои истиқоматӣ ва 5 иншооти тиҷоратӣ қисман осеб дидаанд.

Айни ҳол Комиссияи вилоятӣ оид ба вазъияти фавқулода зарарро муайян мекунад. Корҳо барои тоза кардани хонаҳо аз тарма идома доранд.

Зикр бояд кард, ки як рӯз пеш, 15-уми феврал, дар роҳи Душанбе-Варзоб чанд мошин зери тарма монда буданд, ки бар асари он як нафар ҷон бохт.

Тибқи иттилои КҲФ дар ноҳияҳои ғарбии ВМКБ, дар кӯҳҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор, инчунин дар шоҳроҳҳои Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Ляхш, Хоруғ-Мурғоб, Хоруғ-Ишкошим хатари тармафароӣ вуҷуд дорад.

Ҳавошиносон пешгӯӣ мекунанд, ки то 19 феврали соли 2023 хатари фаромадани тарма боқӣ мемонад.

Дар робита ба ин, дар ноҳияи Ванҷ – 11 хоҷагӣ, дар ноҳияи Рӯшон – 335 хоҷагӣ, дар ноҳияи Шуғнон – 10 хоҷагӣ, дар ноҳияи Роштқалъа – 39 хоҷагӣ ва дар шаҳри Хоруғ 17 хоҷагӣ минтақаҳои хатарнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шуданд.

Илова бар ин, роҳҳои Душанбе – Хоруғ, Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Ляхш, Хоруғ – Мурғоб, Хоруғ – Ишкошим баста шудаанд.

Рӯзи гузашта Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дастур дод, ки аз ҳисоби роҳбарони як қатор вазорату идораҳо Комиссияи давлатӣ оид ба рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ таъсис дода, ба хонаводаҳои фавтидагон ва зарардидагон кумакҳои зарурӣ расонида шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.