Соли 2022 нархи маводи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон боло рафт ва дар робита ба ин, роҳкиро низ дар аксари манотиқи кишвар гарон шуд. Аз ҷумла, нархи як литр бензини навъи 92 дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) беш аз 13 сомонӣ ва як литр сӯзишвории дизелӣ беш аз 14 сомониро ташкил намуд. Роҳкиро бошад дар хатсайри Ишкошим – Хоруғ аз 50 сомонӣ ба 70 сомонӣ ва Ишкошим – Душанбе аз 350 сомонӣ то ба 500 сомонӣ боло рафт.
Ронандагон ва мақомоти масъули соҳа болоравии роҳкироро ба афзоиши нархи сӯзишворӣ рабт доданд.
Аммо охири соли 2022 ва аввали соли 2023 тамоюли коҳиши нархи сӯзишворӣ ба назар расид. Ҳоло бензини навъи 92 дар Ишкошим аз 9 то 9 сомонию 60 дирам фурӯхта мешавад, ки ин тақрибан 30 дарсад коҳишёбиро нишон медиҳад.
Лекин роҳкиро арзон нашуд. Чаро вақте арзиши сӯзишворӣ боло меравад роҳкиро низ гарон мешавад, аммо дар ҳолати коҳиши арзиши сӯзишворӣ, роҳкиро арзон намешавад?
Ронандагоне, ки дар роҳи Ишкошим – Душанбе ва Душанбе – Хоруғ ба мусофиркашонӣ машғуланд, мегӯянд, роҳкиро на танҳо аз нархи сӯзишворӣ вобаста аст, балки омилҳои дигаре низ ҳастанд, ки ба он таъсир мекунанд.
Яке аз мусофиркашҳои ин масир бидуни зикри ном, таъкид кард, ки нархи сӯзишвории дизелӣ, ки ӯ истифода мекунад, ҳамоно гарон мемонад ва ҳамчунин, арзиши қисмҳои эҳтиётӣ нисбат ба соли 2022 гарон шудаанд ва ин ҳам дар шаклгирии нарх нақши муҳим мебозанд. Ӯ мегӯд, ки хидматрасонӣ ва дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани воситаи нақлиёт, аз ҷумла нархҳо ба қисмҳои эҳтиётӣ ва ғайра низ вобаста аст.
Бояд гуфт, ки роҳи ноҳияи Ишкошим ва дар умум, ВМКБ то Душанбе яке аз дарозтарин масир ба ҳисоб рафта, солҳои қабл ҳолати хароб дошт ва чанд соли охир мавриди бозсозӣ қарор гирифтааст. Аз ҷумла, чанд сол пеш қитъаи ин роҳ аз Душанбе то Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз пурра бозсозӣ гардид ва ҳоло корҳо дар қитъаҳои дигар идома дорад.
Нуралӣ Атобеков, мудири шуъбаи иқтисод ва савдои ҳукумати ноҳияи Ишкошим бошад, чанд омилро зикр мекунад, ки ба роҳкирои самти Ишкошим – Душанбе таъсири худро мерасонанд.
Ӯ мегӯяд, бо вуҷуди он, ки нархи бензини навъи 92 поён ва ба 9,50 баробар шуд, нархи сӯзишвории дизелӣ ҳамоно гарон ва атрофи 14 сомониро ташкил медиҳад ва ин танзими нархи роҳкиро мушкил мекунад.
“Аксари мошинҳое, ки ба интиқоли мусофирон машғуланд, бо сӯзишвории дизелӣ кор мекунанд. Нархи ин навъи сӯзишворӣ бошад, ҳамоно гарон боқӣ мемонад”, – мегӯяд Нуралӣ Атобеков.
Новобаста ба ин, ба қавли Нуралӣ Атобеков, мақомоти дахлдори ноҳияи Ишкошим барои танзими нарх кор карда истодаанд.
“Масъалаи мазкур дар сатҳи ҳукумати вилоят ҳал мешавад. Ҳукумати ВМКБ дар якҷоягӣ бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ санадеро омода кардааст, ки нархи ҳамлу нақли дохили вилоят ва аз марказҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ба шаҳри Душанберо танзим мекунад, ки ба зудӣ ба ҳукумати вилоят пешниҳод мешавад”, – зикр мекунад Нуралӣ Атобеков.
Ӯ таъкид мекунад, ки дар асоси ин санад қарори раиси ноҳияи Ишкошим дар бораи танзими нархи нақлиёт дар дохили ноҳияи Ишкошим ва хатсайри Ишкошим-Душанбе, Ишкошим-Хоруғ омода мешавад ва риояи он барои ҳамаи ронандагоне, ки дар минтақа мусофирбар мекашонанд, ҳатмӣ хоҳад буд.
“Умедворем, ки баъди қабули қарори мазкур роҳкиро ба таври зарурӣ танзим карда мешавад”, – мегӯяд Нуралӣ Атобеков.
Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ охири соли 2022 ва оғози соли 2023 дар кишвар нархи бензин 27,9% ва гази моеъ – 27,3% поин рафта, арзиши сӯзишвории дизелӣ баръакс, 11,9% боло рафт.
Тибқи иттилои Хадамоти зиддиинҳисорӣ 85%-и бензин ва сӯзишвории дизелиро дар соли 2022 Тоҷикистон аз Русия ва беш аз 84%-и гази моеъро аз Қазоқистон ворид кардааст.
Соли 2022 ба ҷумҳурӣ ҳудуди 320 ҳазор тонна бензин, зиёда аз 387 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ ва наздики 398 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст.


