Фавти се ноболиғ аз дуди ангишт дар Исфара

Фарзона Муродӣ, махсус барои Asia-Plus

Се ноболиғи 6-сола, 10-сола ва 13-сола дар ҷамоати деҳоти Навгилеми шаҳри Исфара аз дуди ангишт заҳролуд шуда, фавтидаанд. Дар ин бора Тайибидин Мухамедов, сардухтури Беморхонаи марказии шаҳри Исфара ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ӯ гуфт, кӯдакон дар пайи дуди ангишт ба беморхона интиқол наёфта, дар ҷои ҳодиса фавтидаанд.

Номбурда афзуд, танҳо модарашон Гулрухсор Яҳёхӯҷаева дар бемористон бистарӣ буда, зери табобати духтурон аст ва вазъи саломатиаш вазнин аст.

Азизов Абдухолиқ, роҳбари Кӯмаки аввалият тибии санитарӣ (КАТС)-и шаҳри Исфара дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, кӯдакон сокинони ҷамоати деҳоти Навгилем буда, онҳоро 19-уми феврал дар оромгоҳи Тӯхтақули Исфара ба хок супурданд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳодиса дар хонаи модари Гулрухсор Яҳёхӯҷаева, дар деҳаи Чорқишлоқи Исфара рух додааст. Муслиҳиддин, падари хонавода дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор дошт.

Ёдовар мешавем, ки дар бораи фавти се нобилиғ аз дуди ангишт аввалин шуда Марҳабо Мусодухт, як сокини шаҳри  Исфара дар саҳифаи фейсбукаш хабар дод ва гуфт, “шаби 19 феврали соли 2023 дар ҷамоати Навгилем се фарзанди хурдсоли як оила, ки 13 сола, 10 сола ва 6 сола буданд, аз дуди ангишт заҳролуд шуда, ба ҳалокат расидаанд”.

Бояд гуфт, ки ҳар сол бо фаро расидани ҳавои сард сокинони рустоҳои Тоҷикистон хонаҳои худро бо ҳезуму ангишт гарм мекунанд. Дар баъзе маврид риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ боиси заҳролудшавии сокинон мегардад.

Аз ҷумла шаби 19-уми январ дар деҳаи Гулрези ноҳияи Хуросон бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт се нафар ҷон бохтанд.

Ҳамчунин, рӯзи 22-юми январ як зану шавҳари ҷавон дар дохили ҳаммом аз дуди ангишт ҷон доданд.

Дар чунин як ҳодиса дар деҳаи Қалъаи Дӯст, ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд марди 80-солае фавтида буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз аз соати 11:30 то 16:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи Ҷопон дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар давоми рӯз дар ошёнаи аввали...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...