Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов бо Меҳрубон Зокирӣ мавзуи Принсипҳои асосии расмиёти маъмуриро баррасӣ карданд.
Принсипҳои асосии расмиёти маъмурӣ кадомҳоянд?
Дар Кодекси расмиёти маъмурӣ якчанд принсипҳое (ғояҳое) пешбинӣ шудаанд, ки онҳо асоси ба амал баровардани расмиёти маъмуриро ташкил медиҳанд. Ин панҷ принсипҳо дар модаи 4 Кодекси расмиёти маъмурӣ пешбинӣ гардидаанд. Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои баробари дар назди қонун, амалисозии ваколатҳо дар асоси қонун, мутаносиби, амалисозии беғаразонаи расмиёти маъмурӣ ва махфият асос меёбад.
Яке аз принсипҳои асосӣ ва муҳими расмиёти маъмурӣ ин принсипи баробарӣ дар назди қонун мебошад. Моҳияти асосии принсипи номбурда дар моддаи 5 Кодекси расмиёти маъмурӣ шарҳ дода шудааст. Мазмуни асосии ин принсип дар он ифода меёбад, ки иштирокчиёни расмиёти маъмурӣ новобаста аз миллат, забон, ҷинс ва мансубият ба дин дар назди қонун баробар мебошанд.
Маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳо, манфиатҳои қонунии ягон тарафи иштирокчии расмиёти ҳуқуқии маъмурӣ ё монеъшави ба татбиқи онҳо, инчунин, ба онҳо додани бартарияте, ки қонун пешбинӣ накардааст ё андешидани чораи табъизи нисбати ягон тараф манъ аст.
Принсипи дигари асосии расмиёти маъмурӣ ин принсипи амалисозии ваколатҳо дар асоси қонун мебошад. Ин принсип дар моддаи 6 Кодекси расмиёти маъмурӣ пешбинӣ шудааст. Моҳияти ин принсип дар он фиода меёбад, ки мақомоти маъмурӣ ва шахсони мансабдори он танҳо дар асоси меъёрҳои қонун ваколатҳои худро амалӣ менамоянд. Яъне мақоми маъмурӣ ва шахси мансабдор пойбанди қонун аст.
Мақомоти маъмури ҳуқуқ надорад амалеро, ки хилофи талаботи қонунҳо мебошад, анҷом диҳад. Санади ҳуқуқии маъмурие, ки берун аз доираи салоҳият қабул гардидааст, қувваи ҳуқуқи надорад. Ба таври зарури иҷро накардани ваколатҳои хизмати ё аз ҳадди ваколати хизмати баромадани шахсони мансабдори мақомоти маъмури боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонун мегардад.
Принсипи амалисозии беғаразонаи расмиёти маъмурӣ чи маъно дорад?
Принсипи амалисозии беӯаразонаи расмиёти маъмури дар моддаи 8 Кодекси расмиёти маъмурӣ пешбинӣ шудааст. Моҳияти аслии ин принсип дар он ифода меёбад, ки мақомоти маъмурӣ вазифадор аст, ки ваколатҳои худро беғаразона амалӣ созад. Дар расмиёти маъмури шахсони мансабдоре, ки манфиати шахсӣ доранд, ё дар дигар ҳолатҳое, ки метавонанд ба қабули қарор таъсир расонанд, иштирок карда наметавонанд.
Дар расмиёти маъмури шахси мансабдори манфиатдор ҳуқуқи иштирок намудан надоранд. Масалан, агар шахси мансабдор шахсан, бевосита ё бавосита ба оқибати кор манфиатдор бошад ё ҳолатҳои дигаре мавҷуд бошанд, ки беғаразии ӯро ба шубҳа мононанд. Агар шахси мансабдор хешованди наздики тарафи манфиатдори дар парванда иштироккунанда ё хешованди наздики намояндаи он бошад, ҳуқуқи иштирок дар расмиёти маъмуриро надорад. Ҳангоми мавҷуд будани ин ҳолатҳо, шахси мансабдор ӯҳдадор аст шахси мансабдори болоиро аз ҳолатҳое, ки дар қисми якуми ҳамин модда зикр шудаанд, огоҳонад ва худрадкуни изҳор намояд.
Тарафи манфиатдори дар расмиёти маъмури иштироккунандае, ки ба назари он барои радкунии шахси мансабдори мақомоти дар расмиёти маъмури иштироккунанда асосҳо вуҷуд доранд, ҳақ дорад то қабули санади маъмури ба e дар шакли хатти радкуни изҳор намояд.
Принсипҳои мутаносибӣ ва принсипи махфият дар расмиёти маъмури чигуна аҳамият доранд?
Принсипи мутаносибӣ дар моддаи 7 Кодекси расмиёти маъмури пешбинӣ шудааст. Манфиате, ки ҷомеа аз маҳдудиятҳои ба шахс раводида мегирад, бояд бештар аз маҳдудиятҳои ҳуқуқ ё манфиатҳои қонунии он шахс бошад. Маҳдудсозии ҳуқуқ ё манфиатҳои қонунии шахс танҳо вобаста ба ҷомеа манфиати бештар доштан асоснок мебошад.
Принсипи махфият дар моддаи Кодекси расмиёти маъмури пешбинӣ шудааст. Шахси мансабдори мақомоти маъмури ҳақ надорад иттилооти дорои сирри давлати, тиҷоратӣ ё шахсиро, ки дар ҷараёни расмиёти маъмури ба даст овардааст, ошкор намояд ё ба мақсадҳои ғайрихизматӣ истифода барад.Тартиби риояи махфӣ будани иттилооте, ки ҳангоми амалисозии ваколатҳои хизматӣ ба даст омадааст, тибқи қонун муқаррар мегардад.
Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.


