Аз муовини раис то роҳбари дастгоҳ. 45 ҳолати фасодкории масъулини шаҳру ноҳияҳои Суғд

Афзал Босолиев, махсус барои Asia-Plus

Соли 2022 кормандони мақомоти зиддифасоди вилояти Суғд 45 ҷинояти коррупсионии кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии вилоятро ба қайд гирифтаанд. Дар ин бора Шараф Аваззода, сардори раёсати Агентии назорати давлатии  молиявӣ ва мубориза  бо  коррупсияи кишвар дар вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Бино ба қавли ӯ, бештар аз ҳама дар шаҳри Хуҷанд ҷиноятҳои  коррупсионӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 91 ҳолатро ташкил  медиҳад. Аз ҷумла, 9 ҷиноят аз тарафи масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, 12 ҷиноят аз тарафи кормандони маориф ва 9 ҷиноят аз ҷониби кормандони соҳаи тандурустии шаҳр ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамчунин, ҷиноятҳои коррупсионӣ дар шаҳру ноҳияҳои Исфара,  Конибодом, Бӯстон,  Б. Ғафуров, Ашт ва Ҷ. Расулов низ афзудааст.

“Таҳлили субъектҳои ҷиноятро муайян кунем, муовини раиси шаҳру  ноҳияҳо 1 нафар, собиқ роҳбари дастгоҳ 1 нафар, раис ва муовинони раиси ҷамоатҳо 7 нафар, директор, мудири шӯъба ва бахшҳои мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатӣ 6 нафар, сармутахассис,  муҳандис, заминсоз, сармуҳосиб, коргузор ва дигар кормандон дар маҷмӯъ 13 нафарро ташкил медиҳад”, – афзуд манбаъ.

Давоми соли 2022 аз  тарафи  кормандони мақомоти зиддифасоди вилоят 455 ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти  коррупсионидошта ошкор шудааст, ки аз ин 213 ададашро ҷиноятҳои  вазнин ташкил медиҳад.

“Дар объектҳои тафтишашон ба итмом расида, ба маблағи умумии 33,7 млн сомонӣ зарару камбудиҳои молиявӣ ошкор ва 99,8%-и он барқарор карда шудааст”, – афзуд Шараф Аваззода.

Зикр кардан ба маврид аст, ки чанде пештар директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Сулаймон Султонзода шаҳрҳои аз ҳама бештар ба коррупсия дастдоштаро номбар кард, ки дар он Хуҷанд бо 5,7 млн сомонӣ фасоди ошкоршуда мақоми дуюмро соҳиб шудаст.

Ҳамчунин, дар рӯйхати зикргардида ноҳияи Зафаробод (4,2 млн) ва шаҳри Конибодом (3,5 млн) низ ворид шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...