Эмомалӣ Раҳмон қарори нав оид ба тамдид кардани бақайдгирии симкортҳоро имзо кардааст

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон қарор дар бораи тамдид кардани муҳлати сабти симкортҳоро бо шиносномаи намунаи соли 2014 имзо кардааст.

Дар қарори ҳукумат, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи кишвар нашр шудааст, дида мешавад, ки тағйирот дар қарорро президент рӯзи 13-уми феврал, ду рӯз пеш аз анҷоми муҳлати бақайдгирии симкортҳо  – 15-уми феврали соли 2023 имзо кардааст.

Дар қарор гуфта мешавад, ки акнун мардум то соли 2024 имкон доранд, симкортҳояшонро бо шиносномаҳои нав ба номашон сабт кунанд.

Дар бораи рӯзи муайян дар қарор чизе гуфта нашудааст.

“Дар банди 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №207-7 "Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он" рақами "2023" ба рақами "2024" иваз карда шавад”, – омадааст дар қарори ҳукумат аз 13 феврали соли 2023, № 35.

Қаблан дар бораи тамдиди муҳлати сабти симкортҳо бо шиносномаи намунаи соли 2014, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 15-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ, иттилоъ дода буд.

Ӯ дар посух ба суоли “Азия-Плюс” гуфта буд, ки ”бо ризоияти президент муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳо, барои як соли дигар дароз карда шуд”.

Тибқи иттилои Хадамоти алоқаи кишвар, то моҳи январи соли 2023 2 млн симкорт марҳилаи азнавбақайдгириро нагузаштаанд, ки аз ин шумора, беш аз 880 ҳазори он симкорти фаъол аст.

Азнавбақайдгирии симкортҳо моҳи феврали соли 2019 бо қарори ҳукумати Тоҷикистон ҳатмӣ гардид. Операторҳои алоқаи мобилии кишвар уҳдадор гардиданд, ки то 15-уми августи ҳамон сол симкортҳои муштариёнро бо шиносномаҳои коғазии намунаи соли 1999 бо кортҳои идентификатсионӣ (ID-шиносномаҳо)-и намунаи соли 2014 дубора ба қайд гирад. Дар ҳамин ҳол, меъёр ҷорӣ шуда буд: бо як шиноснома на зиёдтар аз ду симкорт сабти ном мешавад.

Лекин мақомот базудӣ фаҳмиданд, ки ивази шиноснома ва дубора сабти ном кардани ин миқдор муштариён дар муҳлати кӯтоҳ ғайриимкон аст ва аз ин рӯ, муҳлати сабти дубора то 15 феврали соли 2020 дароз карда шуд. Аммо ним соли иловагӣ ва он ҳам дар шароити пандемияи коронавирус ҳеҷ натиҷаи дилхоҳ надод. Ба ҳукумат лозим омад, ки муҳлати сабти дубораро боз то 15 феврали соли 2022 дароз кунад.

Вале ин муҳлат ҳам кифоя накард ва то моҳи феврали соли гузашта беш аз 2 млн симкорт дубора сабти ном нашудаанд. 3 рӯз пеш аз анҷоми муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳо бо шиносномаҳои нав бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2022 муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳо маротибаи сеюм то 15 феврали соли 2023 тамдид шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...