Бародари раиси шаҳри Исфара ба тасарруфи беш аз 88 ҳазор сомонӣ гумонбар аст

Фирдавсхон Турахонов, роҳбари пешини Беморхонаи марказии шаҳри Хуҷанд ва бародари Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара ба фасодкорӣ гумонбар аст. Дар ин бора Шараф Аваззода, сардори Раёсати Оҷонсии зиддифасод дар вилояти Суғд рӯзи 17-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ хабар дод. Номбурда гуфт, Фирдавсхон Турахонов ба азхудкунии беш аз 88,6 ҳазор сомонӣ айбдор мешавад. “Тафтишоти пешакӣ муайян […]

Фирдавсхон Турахонов, роҳбари пешини Беморхонаи марказии шаҳри Хуҷанд ва бародари Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара ба фасодкорӣ гумонбар аст. Дар ин бора Шараф Аваззода, сардори Раёсати Оҷонсии зиддифасод дар вилояти Суғд рӯзи 17-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Номбурда гуфт, Фирдавсхон Турахонов ба азхудкунии беш аз 88,6 ҳазор сомонӣ айбдор мешавад.

“Тафтишоти пешакӣ муайян карда, ки Фирдавсхон Турахонов  давоми 1 соли роҳбарӣ (аз 1-уми октябри соли 2020 то 8-уми октябри соли 2021) дар Беморхонаи клиникавии шаҳрӣ №1 ба номи С. Ӯрунови шаҳри Хуҷанд аз ҳисоби маблағҳои махсуси беморхона 36 содирномаи хазинавӣ, ба маблағи 156 ҳазору 962 сомониро ба ихтиёри худ гирифта, аз он 68 ҳазору 500 сомониро ба корҳои таъмирии гармхонаи беморхона хароҷот намуда, 88 ҳазору 642 сомониро тасарруф кардааст”, – гуфт Шараф Аваззода.

Ба иттилои роҳбари Оҷонсии зиддифасод дар вилояти Суғд, аз 5-уми сентябр соли 2022 нисбати Фирдавсхон Турахонов барои азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори калон (моддаи 245 қисми 3 банди “а”)  парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, барои тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ исрол шудааст.

Ҳоло маълум нест, ки додгоҳ нисбати Турахонов чӣ ҳукм содир кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Тӯрахонов аз вазифаи роҳбари Беморхонаи марказии шаҳрӣ озод гардида, сардори Маркази солимгардонии дилу шараёни шаҳри Хуҷанд таъин шудааст.

Гуфта мешавад, ки Фирдавсхон Турахонов, барордари Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...