Толибон ва низомиёни Покистон дар гузаргоҳи Турхам вориди даргирӣ шуданд

Дар гузаргоҳи Турхам, дар сарҳади Афғонистону Покистон, миёни ҷангҷӯёни Толибон* ва низомиёни Покистон даргирӣ сар задааст. Дар ин бора рӯзномаи “8-и субҳ” хабар медиҳад. Ин рӯзнома бо такя ба манобеи худ навиштааст, ки даргирӣ соати 7:00 субҳи рӯзи душанбе, 20-уми феврал рух додааст. Ба навиштаи манбаъ, даргирии мусаллаҳона миёни ду тараф пас аз наздик шудани ҷангҷуёни Толибон […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Дар гузаргоҳи Турхам, дар сарҳади Афғонистону Покистон, миёни ҷангҷӯёни Толибон* ва низомиёни Покистон даргирӣ сар задааст. Дар ин бора рӯзномаи “8-и субҳ” хабар медиҳад.

Ин рӯзнома бо такя ба манобеи худ навиштааст, ки даргирӣ соати 7:00 субҳи рӯзи душанбе, 20-уми феврал рух додааст.

Ба навиштаи манбаъ, даргирии мусаллаҳона миёни ду тараф пас аз наздик шудани ҷангҷуёни Толибон ба яке аз постгоҳҳои низомёни Покистон оғоз гардидааст.

Ин рӯзнома менависад, ки ду тарафи даргир бо силоҳҳои сабук ва вазнин ҳамдигарро ҳадаф қарор додаанд.

Дар бораи талафот ва хисороти расида аз ин даргирӣ ҳанӯз чизе гуфта нашудааст. Толибон дар гузаргоҳи Турхам низ то кунун дар ин маврид ибрози назар накардаанд.

Даргирӣ миёни Толибон ва низомёни Покистон дар ҳоле рух додааст, ки шоми рӯзи гузашта гузаргоҳи Турхам аз сӯи Толибон баста шудааст.

Бояд гуфт, ки ин маротибаи аввал нест, ки Толибон бо низомиёни кишварҳои ҳамсояи Афғонистон вориди даргирӣ мешавад. Қаблан ҷангҷӯёни Толибон борҳо бо низомиёни Покистон даргирии мусаллаҳона карданд ва ҳамчунин, бо сарҳадбонони Ӯзбекистон низ танишҳо вуҷуд дошт. 

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.