Наҷотдиҳандагони тоҷик аз Туркия бармегарданд

Шаби 22 ба 23-юми феврал имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, ки дар амалиёти ҷустуҷӯӣ дар манотиқи осебдидаи Туркия ширкат доштанд, ба ватан бармегарданд. “Соати 1-и шаби 23 феврал нишасти ҳавопаймо бо наҷотдиҳандагони тоҷик дар Душанбе дар назар аст. Ҳамаи ҳайати гурӯҳ ба ватан бармегарданд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” роҳбари маркази матбуоти КҲФ Умеда Юсуфӣ. […]

Шаби 22 ба 23-юми феврал имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, ки дар амалиёти ҷустуҷӯӣ дар манотиқи осебдидаи Туркия ширкат доштанд, ба ватан бармегарданд.

“Соати 1-и шаби 23 феврал нишасти ҳавопаймо бо наҷотдиҳандагони тоҷик дар Душанбе дар назар аст. Ҳамаи ҳайати гурӯҳ ба ватан бармегарданд”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” роҳбари маркази матбуоти КҲФ Умеда Юсуфӣ.

Ёдрас мекунем, ки ба ҳайати гурӯҳе, ки дар корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот дар минтақаҳои аз заминларза осебдидаи Туркия иштирок кард, 50 нафар имдодгарону табибон шомил буданд.

“Имдодгарони мо вазифаи худро муваффақона иҷро карда, дар корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот дар вилоятҳои Қаҳрамонмаръаш ва Хатойи Туркия саҳм гузоштанд”, – хабар доданд дар Кумита.

Қобили зикр аст, ки гурӯҳи имдодагрон ва табибони КҲФ Тоҷикистон 9 феврал ба Туркия раҳсипор шуданд. Корҳои ҷустуҷӯро онҳо дар Қаҳрамонмаръаш, ки бештар осеб дида буд, оғоз намуда, сипас онҳоро ба қитъаи дигар – Хатой сафарбар намуданд.

Дар маҷмӯъ, имдодгарони тоҷик дар ҷараёни кори худ 3 нафарро зинда ва беш аз 200 ҷасадро аз зери харобаҳо берун оварданд.

Президенти Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон ва вазир мудофиаи миллии ин кишвар Хулуси Аскар ба имдодгарон тоҷик изҳори миннатдорӣ карданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...