Муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳо барои як соли дигар тамдид шуд

Муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳо, ки пас аз тамдид то 15-уми феврали соли 2023 муқаррар гардида буд, барои як соли дигар дароз карда шуд. Дар ин бора Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон имрӯз, 15-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ, иттилоъ дод. Аммо вазир дақиқ нагуфт, ки ин бор муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳо то кай тамдид карда шуд. Тибқи […]

Муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳо, ки пас аз тамдид то 15-уми феврали соли 2023 муқаррар гардида буд, барои як соли дигар дароз карда шуд. Дар ин бора Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон имрӯз, 15-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ, иттилоъ дод.

Аммо вазир дақиқ нагуфт, ки ин бор муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳо то кай тамдид карда шуд.

Тибқи иттилои Хадамоти алоқаи кишвар, дар аввали моҳи январи соли 2023 шумораи симкортҳое, ки марҳилаи азнавбақайдгириро гузаштанд, 5,56 млн-ро ташкил менамуд. 2 млн симкорт бошад, марҳилаи азнавбақайдгириро нагузашта будаанд, ки аз ин шумора, 880 ҳазори он фаъол аст.

Азнавбақайдгирии симкортҳо моҳи феврали соли 2019 бо қарори ҳукумати Тоҷикистон ҳатмӣ гардид. Операторҳои алоқаи мобилии кишвар уҳдадор гардиданд, ки то 15-уми августи ҳамон сол симкортҳои муштариёнро бо шиносномаҳои коғазии намунаи соли 1999 бо кортҳои идентификатсионӣ (ID-шиносномаҳо)-и намунаи соли 2014 дубора ба қайд гирад. Дар ҳамин ҳол, меъёр ҷорӣ шуда буд: бо як шиноснома на зиёдтар аз ду симкорт сабти ном мешавад.

Лекин мақомот базудӣ фаҳмиданд, ки ивази шиноснома ва дубора сабти ном кардани ин миқдор муштариён дар муҳлати кӯтоҳ ғайриимкон аст ва аз ин рӯ, муҳлати сабти дубора то 15 феврали соли 2020 дароз карда шуд. Аммо ним соли иловагӣ ва он ҳам дар шароити пандемияи коронавирус ҳеҷ натиҷаи дилхоҳ надод. Ба ҳукумат лозим омад, ки муҳлати сабти дубораро боз то 15 феврали соли 2022 дароз кунад.

Вале ин муҳлат ҳам кифоя накард ва то моҳи феврали соли гузашта беш аз 2 млн симкорт дубора сабти ном нашудаанд. 3 рӯз пеш аз анҷоми муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳо бо шиносномаҳои нав бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 12 феврал муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳо маротибаи сеюм то 15 феврали соли 2023  тамдид шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.