Тоҷикистон худдорӣ кард. СММ қатъномаи нав оид ба хатми ҷанг миёни Русияву Украина қабул намуд

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) қатъномаеро дар бораи зарурати расидан ба сулҳи ҳамаҷониба, одилона ва пойдор дар Украина бар асоси принсипҳои Оинномаи СММ қабул кард. Тоҷикистон дар ин раъйпурсӣ аз овоздиҳӣ худдорӣ кард. Дар ин бора саҳифаи СММ дар Твиттер хабар додааст.

Ҷаласаи Маҷмааи умумии СММ тавассути сомонаи расмиаш пахш шуд ва дар он 141 кишвар ба ҷонибдории қатънома, 32 кишвар бетараф ва ҳафт кишвар мухолиф овоз доданд.

Кишварҳои Беларус, Кореяи Шимолӣ, Эритрея, Малӣ, Никарагуа, Русия ва Сурия ба зидди қабули қатънома овоз доданд.

Тоҷикистон дар қатори Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Арманистон, Эрон, Чин ва дар умум, 32 давлат аз овоздиҳӣ худдорӣ кард.

Бояд гуфт, ки соли гузашта низ Тоҷикистон дар қатори 35 давлати ҷаҳон аз овоздиҳӣ дар чунин як райъпурсӣ худдорӣ карда буд.

Ҳамин тавр, дирӯз Дмитрий Кулеба, вазири умури хориҷии Украина, дар Твиттер навишт, ки тасвиби қатънома аз ҷониби 141 кишвари ҷаҳон нишон дод, ки бо гузашти як сол аз оғози ҷанг “ҳимоятҳои ҷаҳонӣ аз Украина қавӣ боқӣ мондаанд”.

Бояд гуфт, ки қаблан Василий Небензя, намояндаи доимии Русия дар СММ, тарҳи ин қатъномаро “зидди Русия ва зараровар”, “якҷониба ва аз воқеият дур” хонда буд. Илова бар ин, Небензя қайд карда буд, ки ин санад имкон намедиҳад, низоъ дар Украина бо роҳи мусолиҳатомез ҳал карда шавад.

Дар қатъномае, ки дирӯз қабул шуд, гуфта мешавад:

– зарурати ноил шудан ба ҳарчи зудтар ба сулҳи ҳамаҷониба, одилона ва пойдор дар Украина мувофиқи принсипҳои Оинномаи СММ таъкид мекунад;

– давлатҳои узви СММ ва созмонҳои байналмилалиро даъват мекунад, ки дастгирии кӯшишҳои дипломатиро барои ноил шудан ба сулҳ дар Украина дучанд кунанд;

– содиқ будани худро ба соҳибихтиёрӣ, истиқлолият, ягонагӣ ва тамомияти арзии Украина дар ҳудуди сарҳадҳои аз ҷониби байналмилалӣ эътирофшуда, аз ҷумла обҳои ҳудудии он тасдиқ мекунад;

– бори дигар аз Русия талаб мекунад, ки ҳама нерӯҳояшро аз қаламрави Украина дар ҳудуди марзҳои аз ҷониби байнулмилалӣ эътирофшудааш фавран, пурра ва бидуни қайд берун кашад ва ба қатъи амалиёти ҷангӣ даъват мекунад;

– талаб мекунад, ки ба хамаи асирони ҳарбӣ аз тарафи тарафхои муноқишаи мусаллаҳона мувофиқи нуқтаҳои конвенсияи Женева муносибат кунанд;

– тарафҳоро даъват мекунад, ки ҳуқуқи байналмилалии башардӯстонаро эҳтиром кунанд ва ба аҳолии осоишта ва объектҳои ғайринизомӣ раҳоӣ диҳанд;

– даъват мекунад, ки ҳамлаҳо ба инфрасохтори муҳими Украина ва ҳама гуна ҳамлаҳои барқасдона ба ҳадафҳои ғайринизомӣ, аз ҷумла хонаҳо, мактабҳо ва беморхонаҳо қатъ карда шавад;

– зарурати ба ҷавобгарӣ кашидани омилони ҷиноят дар Украина тавассути тафтишот ва мурофиаи одилона ва мустақилро таъкид мекунад;

– ҳамаи мамлакатҳои аъзои СММ-ро даъват мекунад, ки барои рафъи оқибатҳои чаҳонии ҷанг ҳамкорӣ кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...