“Ҳукми зиндони абад мехоҳем”. Шикояти модаре, ки духтар ва наберааш аз дасти шавҳар кушта шуданд

Фарзона Муродӣ, махсус барои asia-Plus

Норинисо Раҳматова, модари Фирӯза Аъзамова, ки 28-уми ноябр якҷо бо фарзанди 9-солааш аз дасти шавҳараш Зокир Аъзамов аввал куштаву баъдан оташ зада шуд, аз ҳукми додгоҳ шикоят карда, талаб доранд, ки қотил ба ҳукми зиндони абад маҳкум карда шавад.

Зокир Аъзамов, нафаре, ки зану фарзанди худро куштаву оташ задааст, 24-уми феврали соли ҷорӣ, аз ҷониби додгоҳи вилояти Суғд бо се банди моддаи 104, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии кишвар гунаҳкор дониста шуда, ба 23 соли зиндон маҳкум гардид.

Норинисо Раҳматова мегӯяд, “Фирӯза 10 сол пеш бо Зокир Аъзамов оила барпо кард ва бо назардошти бемории дилу фишорбаландӣ доштани ман, аз муноқишаи оилавии худ шикоят намекард. Аммо дар зиндагиашон муноқишаҳо низ рух медоданд”.

“Фирӯза пеш аз кушта шуданаш ба хонаи мо омад. Ӯро шавҳараш бо писараш оварда монду, гуфт, пас аз ду моҳ ба хона мебарад, аммо 2 сол духтарам бо набераам дар хонаи мо зист. Вақте аз шавҳараш хостем, ки ё зиндагӣ кунад ё ҷудо шавад, омада занашро бурд. Аз байн чанд муддат гузашту ҳам духтарам ва ҳам набераамро бераҳмона, бо табар кушт ва болои ин, боз ҷасади беҷони онҳоро оташ зад”, – нақл мекунад Норинисо Раҳматова.

Ин зан мегӯяд, падари Фирӯзаи ҷавонмарг, ки 20 рӯз пеш аз кушта шудани духтараш ба Русия рафта буд, то ҳол хабар надорад, ки духтар ва наберааш аз дасти домодаш кушта шудаанд.

Ҳамакнун, ин модар азм дорад аз болои ҳукми содиркардаи додгоҳи вилояти Суғд ба зинаи болоии додгоҳ шикоят барад.

“Барои куштори ду нафар ва баъдан боз оташ задани ҷасади беҷон, 23 соли зиндон кам аст. Мо ба адолати судӣ бовар доштем ва вакили дифоъ нагирифтем, зеро эътимод доштем, ки ӯ ба ҳабси зиндони абад маҳкум мешавад”, – Норинисо Раҳматова.

Дар ҳамин ҳол, назари ҷониби дигар дар робита ба ин ҳодиса ва ҳукми содиргардида ғайриимкон аст. Кушиши мо барои тамос бо пайвандони Зокир Аъзамов бенатиҷа анҷом ёфт.

Ёдовар мешавем, ки ҳодисаи мазкур санаи 28-уми ноябр дар шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод рух дода буд. Он замон Акбар Шарифӣ, котиби матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки зани кушташуда 36 сол дошта, писараш ноболиғ буд ва 9 сол дошт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...