“Амонатбонк” корхонаи воҳиди давлатӣ шуд

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Дар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон номи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ба Корхонаи воҳиди давлатӣ (КВД)-и “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” иваз карда шуда, Шӯрои нозирони бонк таъсис ва ҳайати шӯрои нозирони он тасдиқ гардидааст.

Дар ин бора Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон бо ишора ба ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон, ки имрӯз, 28-уми феварал баргузор гардид, хабар додааст.

Манбаъ менависад, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи шӯрои нозирони Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бо ҷорӣ намудани асосҳои идоракунии корпоративӣ дар фаъолияти корхонаҳои давлатӣ ва ташкили шӯроҳои нозирон дар онҳо барои таъмини назорат ва шаффофияти фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва ғайра таҳия гардидааст.

“Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири бевоситаи худро дар раддабандии байналмилалии Тоҷикистон расонида, на танҳо вазъи ҷории молиявӣ, миқдори сармоя ва маблағи қарзӣ, балки фаъолияти ояндаи молиявии ташкилоти қарзиро фарогир мебошад”, – зикр шудааст дар ҷаласаи ҳукумати кишвар.

Ба таври содда, ин тағйирот шароитро барои назорат аз болои фаъолияти молиявию хочагидории бонк беҳтар намуда, шаффофияти онро таъмин мекунад.

Ёдовар мешавем, ки солҳост, баҳси таҷдиди сохтор ва хусусигардонии ягона бонки давлатии Тоҷикистон БДА ҶТ “Амонатбонк” идома дорад.

Қаблан, дар охири соли 2021 ниҳодҳои молии байналмилалӣ ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод карда буданд, ки дар заминаи “Амонатбонк” як ҷамъияти саҳҳомӣ таъсис дода шуда, пас аз ин саҳмияҳои назоратӣ ба бахши хусусӣ вогузор карда шавад.

Сироҷиддин Икромӣ, раиси БДА ҶТ “Амонатбонк” дар авоили соли гузашта дар шарҳи ин пешниҳод ба “Азия-Плюс” зикр карда буд, ки таҷдиди сохтор бо хусусигардонии минбаъдаи ин бонки тиҷоратӣ аз иродаи ҳукумати Тоҷикистон бастагӣ дорад.

БДА ҶТ “Амонатбонк” соли 1998 мақоми давлатиро гирифт ва бонки амонатгузории давлатӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Ин бонк пас аз муфлис шудани “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” яке аз калонтарин бонкҳои низомсози Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...