Русия лоиҳаи эътирофи дараҷаҳои илмиро бо Тоҷикистон маъқул донист

Ҳукумати Русия лоиҳаи Созишнома дар бораи эътирофи мутақобилаи дараҷа ва унвонҳои илмиро бо Тоҷикистон маъқул шуморид. Фармоиши дахлдор дар ин бора дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст. Лоиҳа бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар мақомоти соҳавии ҳукумати Русия мувофиқа шуда, инчунин пешакӣ бо ҷониби Тоҷикистон кокрард шудааст. Айни замон ҳукумат ба Вазорати маориф ва […]

Asia-Plus

Ҳукумати Русия лоиҳаи Созишнома дар бораи эътирофи мутақобилаи дараҷа ва унвонҳои илмиро бо Тоҷикистон маъқул шуморид. Фармоиши дахлдор дар ин бора дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст.

Лоиҳа бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар мақомоти соҳавии ҳукумати Русия мувофиқа шуда, инчунин пешакӣ бо ҷониби Тоҷикистон кокрард шудааст.

Айни замон ҳукумат ба Вазорати маориф ва илм дастур додааст, ки аз номи ҳукумат ин созишномаро ба имзо расонад.

Мувофиқи мундариҷаи санад, дараҷаи номзади илми дар Русия додашуда ва дараҷаи номзади илми дар Тоҷикистон гирифташуда баробар эътироф карда мешаванд. Ин ба дараҷаҳои доктори илм, унвонҷӯ (дотсент), профессор низ дахл дорад.

Дар байни усулҳое, ки эътирофи одилонаи дараҷа ва унвонҳоро таъмин мекунанд, тартиби кушоди ҳимояи рисолаҳо, ташхиси воқеъбинона ва мукаммали корҳои илмӣ зикр мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.