Аз лиҳози иқтидори ҳарбӣ Тоҷикистон дар зинаи 120-ум қарор гирифт

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар радабандии ҷаҳонӣ аз лиҳози иқтидори ҳарбӣ Global Firepower Тоҷикистон дар байни 145 кишвар зинаи 120-умро ишғол намуд. Шохис (индекс)-и кишвар 2,6403 холро ташкил дод.

Соли 2021 миёни 138 кишвари ҷаҳон ҷумҳурӣ дар мақоми 111-ум қарор дошт.

Гуфта мешавад, ҳар қадре индекси кишвар паст бошад, ҳамон қадр иқтидорӣ ҳарбӣ зиёдтар аст. Мутахассисони радабандӣ (рейтинг) ба 60 омил баҳогузорӣ кардаанд, аз ҷумла хароҷот ба мудофиа, шумори артиш, дастрасӣ ба захираҳое, ки ба ҳолати ҷангии артиш таъсир мерасонанд ва ғайра.

Омили доштани яроқи ядроӣ (ҳастаӣ) ба назар гирфта нашудааст.

Байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Ӯзбекистон зинаи 62-юм (1.0692), Қазоқистон – мақоми 63-юм (1.0873), Туркманистон – ҷойи 82-юм (1.5986) ва Қирғизистон – зинаи 107-ум (2.1703)-ро ишғол кардаанд. Афғонистон дар мақоми 1114-ум (2.3118) ҷойгир аст.

Зинаҳои аввали радабандиро аз лиҳози иқтидорӣ ҳарбӣ ИМА, Русия ва Чин касб кардаанд. Дар зинаи охир Бутан қарор дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...