Боздошти мудири маорифи ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони фасодкорӣ ва тамаъҷӯӣ

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Иқболи Неъматулло, сардори Раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо гумони тамаъҷӯӣ ва фасадкорӣ боздошт шудааст.

Дар гузориши Телевизиони “Тоҷикистон”, ки шаби гузашта, 6-уми март нашр шуд, гуфта мешавад, ки ин масъули маорифи ноҳия аз 31-уми октябри соли 2022 бо фармони вазири маориф ва илми Тоҷикистон ба ин мақом таъин гардида, давоми 4 моҳи роҳбарӣ ба як қатор ҷиноятҳои коррупсионӣ даст задааст.

Дар гузориш, худи ӯ иқрор мекунад, ки хатмкардаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон аст ва баъди хатми донишгоҳ дар яке аз мактабҳои ноҳия ба ҳайси омӯзгори фанни таърих кор кардааст.

Ӯ мегӯяд, то таъин шудан ба вазифаи сардори раёсати маориф ба ҳайси ронанда дар ҶДММ “Фаос” кор мекард.

Гуфта мешавад, ки ӯ дар рӯзҳои аввали фаъолияташ мунтазам ба фасодкорӣ даст зада, аз роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳия бо роҳи тамаъҷӯӣ маблағҳои калони пулӣ меситонидааст.

Аз ҷумла, ӯ бо истифода аз мансаби ишғолнамудааш аз 36 директори мактаб дар маҷмӯъ, 65 ҳазору 700 сомонӣ пора гирифтааст.

“Дар мобайнҳои моҳи декабри соли 2022 ба хотири аз аттестатсия гузаронидани директорони мактабҳои №182 ба маблағи 2 ҳазор сомонӣ, мактаби №123  2 ҳазор сомонӣ, мактаби №65 ба маблағи 4 ҳазор сосмонӣ, мактаби №66 5 ҳазор сомонӣ, мактаби №173 ба маблағи 4 ҳазор сомонӣ гирифтем. Маротибаи дуввум бо миёнаравии раиси Иттиқофи касаби раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ аз директори мактаби №36 ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ, мактаби №51 ба маблағи 1,5 ҳазор сомонӣ, мактаби №180 ба маблағи 1 ҳазор сомонӣ, мактаби №174 ба маблағи 1 ҳазор сомонӣ, мактаби №120 ба маблағи 1,5 ҳазор сомонӣ гирифтам. Пеш аз аттестатсия аз 20-25 директор 35-40 ҳазор сомонӣ гирифтам”, – нақл мекунад Иқболи Неъматулло.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки мудири маорифи ноҳияи Рӯдакӣ чанд директори мактабҳои ноҳияро бо гирифтани пора ба вазифа таъин кардааст.

Аз ҷумла, аз муовини директори мактаби №117-и ноҳияи Сино 10 ҳазор сомонӣ ришва гирифта, ӯро директори мактаби №73-и ноҳияи Рӯдакӣ ва аз муовини директори маткаби №130-и ноҳияи Фирдавсӣ 10 ҳазор сомонӣ гирифта, ӯро директори мактаби №72-и ноҳияи Рӯдакӣ таъин намудааст.

Дар гузориши телевизионӣ худи боздоштшуда иқрор мешавад, ки аз муовинони директрони мактабҳо пора гирифта, онҳоро ҳамчун директори мактаб таъин кардааст.

Гуфта мешавад, ки нисбати Иқболи Неъматулло барои сӯистифода аз ваколатҳои давлатӣ (моддаи 314, қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ба ҳабс гирифта шудааст.

Ин модда ҷазоро бо ҷарима ба андозаи аз 547 то 1092 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда 68 сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз се то шаш сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол пешбинӣ мекунад.

Назари наздикон ё вакили дифои Иқболи Неъматулло маълум нест.

Ёдовар мешавем, ки раиси Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон Сулаймон Султонзода дар нишасти матбуотии соли 2022 сохторҳои фасодзадаи кишварро номбар кард, ки дар ин миён ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, замин ва бонкдорӣ дар раддаи аввал қарор доштанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...