Ифтитоҳи бинои Раёсати дастгоҳи марказии КДАМ ва “Мактаби ҷаҳон” дар Душанбе

Asia-Plus

Имрӯз, 13-уми март, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе бинои Раёсати дастгоҳи марказии КДАМ ва Муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии “Мактаби ҷаҳон” (Глобал скул)-ро дар шаҳри Душанбе расман ба истифода доданд, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ.

Тибқи иттилои манбаъ, бинои нави Раёсати дастгоҳи марказии КДАМ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ҷойгир буда, аз се ошёна иборат аст ва бо тарҳи замонавӣ ва унсурҳои муосири шаҳрсозӣ бунёд гардидааст. Он аз ҳуҷраҳои корӣ, осорхона, маҷлисгоҳи замонавӣ ва дигар инфрасохтори соҳавӣ иборат мебошад.

“Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шароити бинои навбунёди Раёсати дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуда, ба сифати корҳои анҷомёфта ва фароҳам овардани шароити муносиби корӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, кормандонро барои хизмати софдилона ба нафъи давлату миллат ва таъмини амнияти шаҳрвандон ҳидоят намуданд”, – гуфта мешавад дар хабари Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ.

Муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии “Мактаби ҷаҳон” (Глобал скул) дар шаҳри Душанбе бошад, дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бунёд ёфтааст.

Гуфта мешавад, ки он бо мақсади амалӣ намудани иқдомот дар самти рушди соҳаи маориф, хоса баланд бардоштани сатҳи донишомӯзии насли наврас аз ҷониби роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Глобал Лизинг” таъсис дода шудааст.

Ин муассисаи таълимӣ аз 5 ошёна иборат мебошад ва дар масоҳати беш аз 27 садяк замин ҷойгир шудааст.

“Бинои таълимӣ дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ бо тамоми шароити муосир таъмин карда шудааст ва дорои 28 синфхонаи муҷаҳҳази таълимии фаннӣ, аз ҷумла физика, химия, биология, технологияи информатсионӣ, 6 хуҷраи корӣ, толори фарҳангӣ бо 80 ҷойи нишаст, ошхона барои 110 нафар дар як баст, китобхона бо адабиёти гуногуну толори хониш, толори варзиш ва майдончаи варзишии тобистона мебошад”, – зикр мегардад дар хабар.

Таъкид мегардад, ки дар назди мактаби нав Муассисаи томактабӣ бо тамоми шароити зарурӣ барои 60 нафар таъсис дода шудааст.

“Кӯдакистон дар ошёнаи якуми иншоот ҷойгир буда, дорои шаш синфхонаи барҳавои машғулиятгузаронӣ ва ҳуҷраҳои хобу истироҳат барои дӯстрӯякон мебошад. Дар синфхонаҳои машғулиятгузаронӣ бо мақсади ташаккулу инкишофи кӯдакон ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ имконоти мусоид мавҷуд аст” – гуфта мешавад дар иттилои нашрнамудаи Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ.

Ҳамчунин, тазаккур дода мешавад, ки Муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии “Мактаби ҷаҳон” дар якҷоягӣ бо кӯдакистон барои 560 нафар пешбинӣ гардида, бо системаи гармидиҳӣ пайваст мебошад.

“Бо таъсис ва ба фаъолият оғоз кардани муассисаи нави таълимӣ дар пойтахти мамлакат беш аз 70 нафар, аз ҷумла 23 мутахассис ба ҳайси омӯзгор ва мураббӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд”, – таъкид мешавад дар хабар.

Иттилоъ дода мешавад, ки раванди таълим дар ин боргоҳи маърифат бо забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русию англисӣ дар асоси барномаҳои давлатии таълимии соҳавӣ ва ба тариқи шартномавӣ ба роҳ монда шудааст. Хонандагон ба муассисаи таълимӣ бо роҳи суҳбат қабул карда мешаванд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...