“Тоҷикистон ҳама ӯҳдадориҳои худро анҷом дод”. Эрон соли 2023 узви комилҳуқуқи Шанхай мешавад?

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Тоҷикистон барои узви комилҳуқуқи Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) шудани Эрон ҳама ӯҳдадориҳои худро анҷом додааст ва интизор меравад, соли 2023 ин кишвар шомили СҲШ шавад. Дар ин бора Аҳмад Саидмуродзода, иҷрокунандаи вазифаи ҳамоҳангсози миллии Тоҷикистон дар СҲШ ба хабаргузории эронии “Форс-Нюз” иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ҷониби Тоҷикистон дар бораи анҷоми расмиёти дохилии марбут ба эътибор пайдо кардани ёддошти тааҳҳудоти кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай иттилоъ додааст.

“Дар ёддошти тааҳҳудоти Тоҷикистон Ҷумҳурии Исломии Эрон ба гирифтани мақоми узвияти комил дар ин созмон пешниҳод шудааст. Ба ин тартиб, ҷониби Тоҷикистон ӯҳдадориҳои худро дар роҳи вуруди Эрон ба ин созмон ба унвони узви комилҳуқуқ иҷро кард”, – афзудааст Саидмуродзода.

Ба гуфтаи ин мақомдори тоҷик, интизор меравад дар аввали моҳи июли соли равон дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Ҳиндустон дар мавриди анҷоми раванди қабули Эрон тасмим гирифта шавад ва Эрон узви комилҳуқуқи ин созмон гардад.

Аҳмад Саидмуродзода гуфтааст, Тоҷикистон ташаббускори дархости Эрон дар СҲШ буд ва ин масъала аз авлавиятҳои раёсати Тоҷикистон дар ин созмон дар давоми солҳои 2020-2021 маҳсуб меёфт.

Гуфта мешавад, дар ҷаласаи ин созмон, ки 17 сентябри соли 2021 дар Душанбе баргузор шуд, тасмими Шӯрои сарони кишварҳои узв дар бораи оғози раванди пазируфтани Эрон ба узвияти СҲШ гирифта шуд.

Ёдовар мешавем, ки Созмони ҳамкориҳои Шанхай 15-уми июни соли 2001 таъсис ёфта, ба он Тоҷикистон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Ӯзбекистон ва Русия шомиланд. Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон мақоми нозирро дошта, Арманистон, Озарбойҷон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шриланка кишварҳои шарик мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...