Машқгоҳи ҳарбии нав дар Бадахшон дар заминҳои хоҷагии “Помир” сохта мешавад

Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ барои сохтмони машқгоҳи ҳарбӣ дар сарҳад бо Афғонистон қитъаи замин ҷудо кард.

Мувофиқи қарор, қитъаи замин дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба истифодаи бемуҳлат ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон барои гузаронидани машқҳои мунтазами тактикӣ, тирпарронӣ ва ронандагӣ дода мешавад.

“Барои сохтмони машқгоҳ заминҳои хоҷагии давлатии “Помир” дар ноҳияи Шуғнон” бо майдони умумии 1075,30 гектар, аз он 109,08 гектар чарогоҳ, 0,62 гектар – зери дарёҳо, ҷӯйҳо ва сойҳо, 94,98 гектар – қумзор, 0,03 гектар – зери роҳҳо ва гузаргоҳҳо, 870,59 гектар – фурӯрафта, ярч ва шағалдор гирифта мешаванд”, – омадааст дар қарор.

Гуфта мешавад, ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон супориш дода шудааст, ки қитъаҳои замини додашударо бо тартиби муқарраргардида мувофиқи таъиноти мақсаднок истифода намояд.

Дигар ҷузъиёти масъала, аз ҷумла муҳлати муқарраршуда барои сохтмон дар қарор зикр нашудааст.

Дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ низ муяссар нашуд, ки дар бораи ҷузъиёти сохтмони машқгоҳи нав маълумот дарёфт кунем.

Айни замон дар Тоҷикистон ду машқгоҳи ҳарбӣ дар сарҳад бо Афғонистон амал мекунанд: “Момирак” каме дуртар аз шаҳри Кӯлоб ва “Ҳарбмайдон” дар қаламрави ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон.

Ғайр аз ин, каме дуртар аз Душанбе машқгоҳҳои “Фахробод” ва “Лоҳур” ва дар наздикии шаҳри Бохтар – тамрингоҳи “Самбули” ҷойгиранд, ки дар он ҷо пойгоҳи низомии 201-уми Русия мустақар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...