Тақвими бозиҳои Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар соли 2023 тасдиқ шуд

Asia-Plus

Лигаи футболи Тоҷикистон тақвими бозиҳои марҳилаи якуми Чемпионати Тоҷикистон-2023 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олиро тасдиқ ва нашр кард. Мавсими нави Лигаи олии футболи кишвар 1 апрел оғоз мегардад.

Чун соли гузашта чемпионати Тоҷикистон дар ду марҳила баргузор мешавад. Дар марҳилаи аввал ҳамаи 10 даста дар ду давр бозӣ мекунанд. Сипас дар марҳилаи дуюм дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим карда мешаванд. Имтиёзҳои дар марҳилаи аввал бадастоварда боқӣ мемонанд.

Аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи аввал 5 дастаи беҳтарин дар гурӯҳи “А” дар як давр бозӣ карда, барои ҷойҳои аз 1 то 5-ум рақобат мекунанд.

Боқимонда 5 дастаи дигар дар як давр дар гурӯҳи “Б” бозӣ карда, барои ишғоли зинаҳои аз 6 то 10-ум ва боқӣ мондан дар мавсими оянда дар Лигаи олӣ рақобат мекунанд.

Аз рӯи натиҷаҳои мавсим 2 дастаи зинаи охир Лигаи олиро тарк карда, мавсими навро дар Лигаи якум оғоз мекунанд. Дар мавсими футбол-2023 ҳар кадоме аз дастаҳо 22 бозӣ мегузаронад.

Тақвими бозиҳои чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои Лигаи олӣ

Иштирокчиён:

1. «Хуҷанд» (Хуҷанд)

2. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

3. «Эсхата» (Хуҷанд)

4. «Равшан» (Кӯлоб)

5. «Ҳосилот» (Фархор)

6. «Файзканд» (Восеъ)

7. «Кӯктош» (Рӯдакӣ)

8. КМВА (Душанбе)

9. «Хатлон» (Бохтар)

10. «Истиқлол» (Душанбе)

Даври 1-ум

1 апрел (шанбе)

Оғоз – соати 16:00

2. «Регар-ТадАЗ» – «Хатлон»

4. «Равшан» – «Кӯктош»

2 апрел (якшанбе)

Оғоз – соати 16:00

3. «Эсхата» – КМВА (ЦСКА)

5. «Ҳосилот» – «Файзканд»

3 апрел (душанбе)

Оғоз – соати 16:00

1. «Хуҷанд» – «Истиқлол»

Даври дуюм рӯзи 6 апрел оғоз мегардад. Маълумоти муфассал дар бораи даврҳои дигари мавсим бо ин суроға қобили дарёфт аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...