Футболбозони тоҷик бо мунтахаби Кувейт бозӣ мекунанд

Asia-Plus

Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон чанде пеш дар Абу-Дабӣ бо тими Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) бозии санҷишӣ гузаронида, он мусовӣ – 0:0 анҷом ёфт. Дирӯз футболбоони тоҷик ба Ал-Кувейт омаданд.

Тавре ки Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҳайати дастаи Тоҷикистон 23 футболбоз ба Кувейт омада, ҳимоятгар Ваҳдат Ханнонов ба дастаи худ – “Персеполис”-и Эрон рафт.

Бозии санҷишӣ байни дастаҳои Кувейт ва Тоҷикистон рӯзи сешанбе, 28 март дар Варзишгоҳи байнулмилалии Ҷабер Ал-Аҳмад, ки 60 ҳазор ҷойи нишаст дорад, баргузор мешавад.

Бозӣ соати 22:00 бо вақти маҳаллӣ (00:00 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.

Қобили зикр аст, ки ин вохӯрии 10-уми мунтахаби футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт аст. Дар 10 вохӯрӣ тими мунтахаби ҷумҳурӣ дар 5 бозӣ дастболо шуда, 3 бозиро мусовӣ анҷом дод ва дар 2 вохӯрӣ ба шикаст дучор шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...