Тоҷикистон дар ҳамоиши сармоягузории Лондон чиҳоро муаррифӣ кард?

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Рӯзҳои 28-29 март дар Лондон бо иштироки намояндагони Тоҷикистон ва Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ форуми сармоягузорӣ баргузор шуд.

Тавре ки Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар ин чорабинӣ намояндагони бахши хусусӣ ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои кишвар ва аз ҷониби Британия намояндагони зиёда аз 80 ширкати бонуфуз иштирок карданд.

Дар доираи кори форум Намоишгоҳи Тоҷикистон ташкил шуда, дар он молу маҳсулоти соҳаҳои саноат, истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, бахши кишоварзӣ, сайёҳӣ ва хизматрасонии бонкии ҷумҳурӣ муаррифӣ гардид.

“Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ густариши ҳамкории тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ байни Тоҷикистону Британияи Кабир, ҷалби сармоя ба соҳаҳои гуногун, инчунин муаррифии имконоти сармоягузорӣ ва содиротии кишвар мебошад”, – зикр мешавад дар хабари Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ.

Қаблан зикр гардида буд, ки дар доираи кори форум вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорон ва намояндагони бахшҳои давлатӣ ва хусусии ҳар ду кишвар баргузор шуда, имзои қарордодҳои ҳамкорӣ дар назар аст.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, сармоягузорони бритониёӣ ба иқтисоди Тоҷикистон 714,6 млн доллар маблағгузорӣ кардаанд. Британияи Кабир пас аз Чину Русия ва ИМА ба чоргонаи асосии сармоягузорони Тоҷикистон дохил мешавад.

Тибқи маълумоти Агентии омор, ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соли 2022 ҳудуди 6,2 млн долларро ташкил додааст, ки 28,4% зиёдтар нисбат ба соли 2021 аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...