Тоҷикистон дар ҳамоиши сармоягузории Лондон чиҳоро муаррифӣ кард?

Рӯзҳои 28-29 март дар Лондон бо иштироки намояндагони Тоҷикистон ва Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ форуми сармоягузорӣ баргузор шуд. Тавре ки Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар ин чорабинӣ намояндагони бахши хусусӣ ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои кишвар ва аз ҷониби Британия намояндагони зиёда аз 80 ширкати бонуфуз иштирок карданд. Дар […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Рӯзҳои 28-29 март дар Лондон бо иштироки намояндагони Тоҷикистон ва Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ форуми сармоягузорӣ баргузор шуд.

Тавре ки Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар ин чорабинӣ намояндагони бахши хусусӣ ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои кишвар ва аз ҷониби Британия намояндагони зиёда аз 80 ширкати бонуфуз иштирок карданд.

Дар доираи кори форум Намоишгоҳи Тоҷикистон ташкил шуда, дар он молу маҳсулоти соҳаҳои саноат, истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, бахши кишоварзӣ, сайёҳӣ ва хизматрасонии бонкии ҷумҳурӣ муаррифӣ гардид.

“Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ густариши ҳамкории тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ байни Тоҷикистону Британияи Кабир, ҷалби сармоя ба соҳаҳои гуногун, инчунин муаррифии имконоти сармоягузорӣ ва содиротии кишвар мебошад”, – зикр мешавад дар хабари Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ.

Қаблан зикр гардида буд, ки дар доираи кори форум вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорон ва намояндагони бахшҳои давлатӣ ва хусусии ҳар ду кишвар баргузор шуда, имзои қарордодҳои ҳамкорӣ дар назар аст.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, сармоягузорони бритониёӣ ба иқтисоди Тоҷикистон 714,6 млн доллар маблағгузорӣ кардаанд. Британияи Кабир пас аз Чину Русия ва ИМА ба чоргонаи асосии сармоягузорони Тоҷикистон дохил мешавад.

Тибқи маълумоти Агентии омор, ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соли 2022 ҳудуди 6,2 млн долларро ташкил додааст, ки 28,4% зиёдтар нисбат ба соли 2021 аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.