Тоҷикистон давлати аз вараҷа озод эълон шуд

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) иттилоъ дод, ки Тоҷикистон ба феҳристи 42 давлати пирӯз бар зидди бемории вараҷа дохил шуд. Дар ин бора, сомонаи расмии ин созмон хабар медиҳад. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба Тоҷикистон барои аз байн бурдани бемории вараҷа дар қаламраваш сертификат додааст. Ҳамин гуна сертификат ба давлати Озарбойҷон низ дода шудааст. “Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ […]

Asia-Plus

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) иттилоъ дод, ки Тоҷикистон ба феҳристи 42 давлати пирӯз бар зидди бемории вараҷа дохил шуд. Дар ин бора, сомонаи расмии ин созмон хабар медиҳад.

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба Тоҷикистон барои аз байн бурдани бемории вараҷа дар қаламраваш сертификат додааст.

Ҳамин гуна сертификат ба давлати Озарбойҷон низ дода шудааст.

“Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба Тоҷикистон ва Озарбойҷон барои решакан кардани бемории вараҷа дар қаламравҳои худ сертификат дод. Сертификатсия натиҷаи талошҳои пайваста ва тӯлонӣ буд, ки ду кишвар барои аз байн бурдани ин беморӣ анҷом доданд”, – гуфта мешавад дар изҳороти мудири кулли СҶТ Тедрос Гебрейюс.

Ӯ гуфтааст, муваффақияти ин давлатҳо боз як далели он аст, ки бо захираҳои дуруст ва ӯҳдадориҳои сиёсӣ, аз байн бурдани бемории вараҷа имконпазир аст.

“Ман умед дорам, ки кишварҳои дигар метавонанд аз таҷрибаи онҳо омӯзанд”, – гуфтааст Тедрос Гебрейюс.

Дар маҷмӯъ 41 кишвар ва 1 қаламрав аз ҷониби СҶТ аз бемории вараҷа озод эълон шудааст, аз ҷумла 21 кишвари минтақаи Аврупо. Қарори ниҳоӣ дар бораи додани шаҳодатномаи бидуни вараҷаро Директори генералии СҶТ дар асоси тавсияи Гурӯҳи мустақили машваратӣ оид ба решакан кардани бемории вараҷа ва сертификатсия қабул мекунад.

Вараҷа як бемории хатарнок аст, ки дар натиҷаи паразитҳо тавассути нешзании магасҳои сироятшудаи мода (Anopheles) ба одамон интиқол дода мешавад. Вараҷа пешгирӣ ва табобатшаванда аст. Тақрибан 247 миллион нафар дар саросари ҷаҳон дар соли 2021 гирифтори бемории вараҷа шуданд. Ҳамон сол, тахминан 619,000 нафар аз вараҷа фавтиданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.