Оғози амалиёти нави Ҷабҳаи муқовимат. Сухангӯи Аҳмад Масъуд гуфт, ба маркази таълимии Толибон ҳамла карданд

Сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон баъд аз зӯҳри имрӯз, 29-уми март, дар сафҳаи Твиттери худ навореро аз ҳамлаи нерӯҳои ин Ҷабҳа ба маркази таълимии Толибон дар минтақаи Пули – Чархии шаҳри Кобул нашр карда, навишт: “Ин ҳамла оғози амалиёти чирикии нерӯҳои мо барои дифоъ аз мардум дар муқобили зулм ва таваҳҳуши толибонӣ дар фасли ҷадид […]

Сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон баъд аз зӯҳри имрӯз, 29-уми март, дар сафҳаи Твиттери худ навореро аз ҳамлаи нерӯҳои ин Ҷабҳа ба маркази таълимии Толибон дар минтақаи Пули – Чархии шаҳри Кобул нашр карда, навишт: “Ин ҳамла оғози амалиёти чирикии нерӯҳои мо барои дифоъ аз мардум дар муқобили зулм ва таваҳҳуши толибонӣ дар фасли ҷадид аст. Замон: дишаб, макон: маркази таълимии Пули – Чархии Кобул, постгоҳҳои қитъаи хоси Толибон”.

Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ таъкид кардааст, ки дар ин ҳамла талафоти зиёде ба ҷангҷуёни толиб ворид шудааст. Дар ҳамин ҳол ӯ шумораи дақиқи талафоти Толибонро нагуфтааст.

Сухангӯи Ҷабҳаи муқовамати миллӣ гуфтааст, ки ба монанди ин ҳамлаҳо пас аз ин идома хоҳад ёфт.

То ҳол намояндагони гуруҳи Толибон* ин навиштаи сухангӯи Ҷабҳаро шарҳ надодаанд.

Бояд гуфт, ки ин нахустин ҳамлаи Ҷабҳаи муқовамати миллӣ ба Толибон пас аз оғози соли ҷорӣ аст.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.