Сел дар Хатлон. Таҳдид ба пули фурудгоҳи Кӯлоб ва харобӣ дар роҳи Данғара – Бохтар

Asia-Plus

Дар ҷамоати деҳоти Зиракӣ, мавзеъи ба ҳам омадани сойи Зиракӣ бо Даҳанасой садди муҳофизатии Сойи Даҳана ба масофаи 150 метр рахна гардида, тавассути заминҳои кишт ба пули роҳи мошингузари самти фурудгоҳи байналмиллалии Кӯлоб таҳдид намудааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.

Кормандони КҲФ тавонистаанд барои пешгирӣ намудан аз харобшавии пул ва роҳ тадбирҳои саривақтӣ андешанд.

“Ба зудӣ маҷрои об дар қисмати боло тағйир дода шуд ва хатар ба пулу роҳ кам гардид”, – навиштааст КҲФ.

Аммо дар шаҳри Кӯлоб сел қубури бузурги оби нӯшокии диаметраш 300 мм дар сойи Тебалайро хароб кардааст. Инчунин, иншооти ёрирасони сокинони деҳаи Тудакафш қисман фурӯ рафтааст.

Ҳамчунин, бар асари боронҳои пуршиддати рӯзҳои 3-4 апрели соли 2023 дар километри 11-уми шоҳроҳи байналмиллалии Данғара – Бохтар, дар байни деҳаҳои ҷамоати деҳоти Сангтӯда 10 қубури обгузар ва 2 – 3 километр роҳи мошингард қисман шуста шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар пайи сел дар минтақаи Кӯлоб молхонаи як сокини деҳа хароб шуда, 1 сар чорвои калон ва 10 сар чорвои хурд талаф ёфтаанд.

Ҳоло Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Кӯлоб ҳаҷми зарарро муайян намуда истодааст ва кормандони КҲФ ба корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ тақвият бахшидаанд.

Панҷ: 66 хона ва ва 159 га замин зери обу лойқа мондаанд

Дар пайи омадани сел ба деҳаи Селга ва Пахтакори ноҳия Панҷ 66 хонаи истиқоматӣ ва иншоотҳои ёрирасон зери обу лойқа монда, 1 хона дар деҳаи Пахтакор қисман зарар дидааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.

Ба навиштаи ин ниҳод, сел 4-уми апрел, соати 00:20 дақиқа омадааст ва 159 га замини хоҷагии деҳқонӣ ва заминҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон зери обу лойқа мондааст.

“Айни замон Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Панҷ ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунад”, – менависад КҲФ ва МГ.

Қаблан нашрияи вилоятии Хатлон иттилоъ дода буд, ки дар натиҷаи сели шаби 3 ба 4-уми апрел зиёда аз 100 манзили истиқоматии сокинони деҳаи Пахтакори ноҳияи Панҷ зарар дидаанд.

Дар натиҷаи офати табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо истинод ба Агентии обуҳавошиносӣ огоҳ мекунад, ки рӯзҳои 3-7 апрели соли равон бар асари боронҳо дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳии навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ғарби ВМКБ омадани селҳо аз эҳтимол дур нест.

Гуфта мешавад, рӯзҳои 4-6-уми апрел дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки дар ҷануби қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, сатҳи об боло меравад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...