Бар зидди Бузургмеҳр Ёров парвандаи нав кушоданд. Мақомот шарҳ намедиҳанд

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Бар зидди Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои зиндонии тоҷик бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи нав боз карда, ӯро аз зиндон ба Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе бурдаанд. Дар ин бора Бунёди “Бузургмеҳр”, як созмони ҳуқуқӣ, ки қароргоҳаш дар Лаҳистон аст, хабар додааст.

Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр Ёров ҳам изҳороти ин созмонро дар саҳифаи фейсбукии худ бознашр кардааст.

Манбаъ навиштааст, ки парванда “бо моддаи 247, қисми 4, бандҳои “а” ва “б” (қаллобие, ки дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок ва ба миқдори махсусан калон)-и Кодекси ҷиноятӣ ва дар асоси гӯё аризаи яке аз маҳбусоне, ки ҳамроҳи Бузургмеҳр Ёров дар зиндони шаҳри Ваҳдат адои ҷазо мекард, оғоз карда шудааст”.

“Моҳият ва чузъиёти амалҳое, ки тибқи он нисбати адвокат Бузургмеҳр Ёров парванда боз шудааст, то хол аниқ ва муайян нест. Айни ҳол ин зиндонии сиёсиро то ба охир расидани тафтишоти пешакӣ ва қарори ниҳоии Додгоҳ ба боздоштгоҳи муваққатӣ ё СИЗО-и №1 шаҳри Душанбе гузарондаанд”, – навиштааст Ҷамшед Ёров.

Гуфта мешавад, ки ин моддаи Кодекси ҷиноӣ ҷарима ва ё аз ҳашт то дувоздаҳ сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Бунёди “Бузургмеҳр” аз номи модари Бузургмеҳр Ёров нигаронӣ карда, навиштааст, ки “дар Тоҷикистон ягон ташкилоти адвокатӣ, адвокатҳои шинохта ва ё ташкилотҳои чамъиятие, ки ба ҳимояти шаҳрвандон ва таъмини онҳо бо адвокатҳо машғуланд, аз тарси фишори мақомоти тафтишотӣ ва амниятӣ ҳимояи писарашро ба зимма намегиранд”.

“Вакили дифое, ки аз ҷониби давлат ба Бузургмеҳр Ёров ҷудо шудааст, дар мурофиаҳо ҳамагӣ як ё ду маротиба иштирок кардаасту халос”, – омадааст дар изҳорот.

Ин созмон оғози парвандаи нави ҷиноятиро бар зидди Бузургмеҳр Ёров бофта унвон кардааст.

Парвандаи нав нисбати вакили дифои зиндонӣ, тавре Радиои Озодӣ менависад, аз сӯи Раёсати тафтишоти Вазорати корҳои дохилӣ боз шудааст.

Кушишҳои мо барои дарёфти иттилоъ аз дафтари матбуотии ВКД бенатиҷа анҷом ёфт.

Ёдовар мешавем, ки Бузургмеҳр Ёров яке аз вакилони дифои саршиноси тоҷик аст, ки аз соли 2015 ба ин сӯ дар маҳбас аст. Ӯро барои “қаллобӣ”, “сохтакорӣ”, “таҳқири намояндаи ҳокимият ва беэҳтиромӣ нисбат ба суд” гунаҳкор ва ба 28 соли зиндон маҳкум кардаанд. Бар асоси қонуни афв чаҳор сол муҳлати ҳабсаш кам шудааст.

Худи Бузургмеҳр Ёров ҳамеша ба бегуноҳии худ таъкид кардааст ва ҳукмро дорои ангезаи сиёсӣ номидааст.

Бузургмеҳр Ёров 51-сола ва хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон аст. Дар оғоз муфаттиши Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Душанбе буд. Аз соли 1998 то лаҳзаи боздошт ҳамчун вакили мудофеъ кор мекард ва мудири иттифоқи адвокатии “Сипар” буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...