Дар Ҷоми кушоди ҷудои Алмато Тоҷикистонро 13 варзишгар намояндагӣ мекунанд

Asia-Plus

Дар шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзҳои 7-9 апрел мусобиқаи Ҷоми кушоди Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон ва ҷавонон баргузор мешавад, ки дар он 274 варзишгар аз 10 кишвар байни наврасон ва 283 варзишгар аз 9 кишвар миёни ҷавонон иштирок мекунанд.

Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 7 варзишгари наврас ва 6 варзишгари ҷавонро ба Алмато сафарбар мекунад, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”.

Ҷоми кушоди Осиё оид ба ҷудо байни наврасону ҷавонон тибқи қоидаҳои Федератсияи байнулмилалии ҷудо дар 16 вазн миёни наврасон (8 – писарон, 8 – духтарон) ва 14 вазн байни ҷавонон (7 – писарон, 7 – духтарон) гузаронида мешавад. Варзишгарони мо танҳо байни наврасон рақобат мекунанд.

Ба ҳайати дастаи Тоҷикистон барои иштирок дар Ҷоми Осиё варзишгарони зерин шомиланд: Меҳроҷиддин Гадоев дар вазни то 50 кг, Лоиқ Қутбиддинов дар вазни то 55 кг, Ворис Назаров дар вазни то 66 кг, Аминҷон Абдуҷалилзода дар вазни то 73 кг, Исмоил Бурҳонов дар вазни то 81 кг, Баҳоваддин Сулаймонов дар вазни то 90 кг ва Фараҳманд Устопиров дар вазни то  +90 кг (миёни наврасон).

Байни ҷавонон кишвари моро инҳо намояндагӣ мекунанд: Саъдӣ Маҳмадов дар вазни то 60 кг, Абӯбакр Шеров дар вазни то 73 кг, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода бо Сайфиддин Сайфиддинзода дар вазни то 81 кг, Умедҷон Раҷабов дар вазни то 90 кг ва Иброҳимҷон Элмуродов дар вазни +100 кг.

Ёдрас мекунем, ки соли 2022 дар Алмато мусобиқаи Ҷоми кушоди сатҳи баланди Осиё  оид ба ҷудо байни наврасон ва ҷавонон доир гардида, дар он гуштингирони ҷавони тоҷик ду медал – тилло ва биринҷӣ ба даст оварданд.

Тоҷикистонро байни ҷавонон Фотимахон Гадоева дар вазни то 52 кг, Ҷасур Лутфишоев дар вазни то 55 кг, Худодод Шанбиев дар вазни то 60 кг, Ҷаъфари Ҷаъфар ва Мусо Саъдуллоев — ҳа ду дар вазни 66 кг намояндагӣ карданд.

Мутаассифона, ин мусобиқа барои варшигарони навраси тоҷик ноком – бидуни дарёфти медал анҷом пазируфт.

Дар рақобатҳо миёни ҷавонон Тоҷикистонро 8 варзишгар намояндагӣ карданд: Саидашраф Лоиқов, Абӯҳанифа Қурбонбозор, Абӯбакр Шеров — ҳар се дар вазни то 66 кг, Ҳоҷибек Мухторов дар вазни то 73 кг, Сунатулло Лоиқов, Мизробшо Лоиқов — ҳар ду дар вазни то 81 кг, Муҳсин Малаев дар вазни то 90 кг ва Парвиз Абдураҳмонов дар вазни то 100 кг.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...