Дар Душанбе ба хотири гиромидошти ёди Анвар Назаров мусобиқаи шоҳмот баргузор шуд

Маводи шарикӣ

Дар рӯзҳои ҷашни байнулмилалии Наврӯз дар бинои Федератсияи шоҳмоти шаҳр ба хотири гиромидошти ёд (Мемориал)-и Анвар Назаров мусобиқаи ҳамасолаи шоҳмот баргузор шуд, ки дар он беш аз 300 нафар иштирок карданд.

Ба туфайли дастгирии шарикон, нисбат ба соли гузашта Мемориали имсола хеле ҷолибу пуршукуҳтар доир гардид.

Дар муддати 5 рӯз ғолибону ҷоизадорон байни кӯдакони синнусоли гуногун, наврасон, мардону занон ва собиқадорон муайян карда шуданд.

Финали Мемориал дар қаҳвахонаи “Мазза”-и пойтахт бургузор шуда, пас аз маросими ҷоизасупорӣ ҳамаи иштирокчиён ба сари мизи идона даъват шуданд.

Ба ҳамаи голибон ҷоизаву мукофотпулиҳо, медалу грамота, техникаи рӯзгор аз шарикон тақдим карда шуданд.

Мемориали Анвар Назаров – мусобиқаи ҳамасолаи шоҳмот байни кӯдакону наврасон, шахсони калонсол ва собиқадорон мебошад, ки ба хотири гиромидошти яке аз беҳтарин шоҳмотбозон дар таърихи Тоҷикистони муосир, устоди варзиши дараҷаи байнулмилалӣ, мураббии шоистаи Тоҷикистон, ки дар таъсиси Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон саҳми босазо дорад, бахшида мешавад.

Анвар Назаров тамоми умри пурбаракати худро ба шоҳмот ва таблиғи он дар ҷумҳурӣ бахшида, оид ба шоҳмот мусобиқаҳои сершумор ва чорабиниҳои гуногун ташкил мекард. Мемориал аз ҷониби Федератсияи шоҳмоти шаҳри Душанбе ва Академияи шоҳмоти ба номи Анвар Назаров гузаронида мешавад.

Дар баргузории Мемориал ширкати мобилии «О Мобайл», ширкатҳои «Мармарӣ», «Артел-Авеста», «Хонаи савдои Артел», «Сиёма», қаҳвахонаи «Мазза», студияи «Назаров Продакшн», инчунин «Варзиш ТВ» ва гурӯҳи расонаҳои «Азиа-Плюс» ба сифати шарикон саҳмгузорӣ карданд.

Дар зер ғолибони Мемориал зикр мешаванд:

Рӯзи 1-ум барои кӯдакони синни аз 6 то 10-сола:

Байни писарон

Зинаи 1-ум – Охунов Умар,

Зинаи 2-юм – Бойназаров Шоҳрух,

Зинаи 3-юм – Ашӯров Абдулматин.

Байни духтарон:

Зинаи 1-ум – Хоҷаева Ёсамин,

Зинаи 2-юм – Холова Амал,

Зинаи 3-юм – Мӯсоева Динора.

Рӯзи 2-юм барои наврасони синни аз 11 то 15-сола:

Байни писарон:

Зинаи 1-ум – Ғафуров Назар;

Зинаи 2-юм – Киреев Билол;

Зинаи 3-юм –Давронов Умар.

Байни духтарон:

Зинаи 1-ум – Хоҷаева Томирис;

Зинаи 2-юм – Сморжанюк Ева;

Зинаи 3-юм – Косай Нурботаз

Рӯзи 3-юм барои наврасону ҷавонон ва духтарони синни аз 16 то 20-сола:

Байни писарон:

Зинаи 1-ум – Ҷалолиддин Илҳомӣ;

Зинаи 2-юм – Авзалзода Аҳмад;

Зинаи 3-юм – Ҷӯраев Беҳрӯз.

Байни духтарон:

Зинаи 1-ум – Абророва Сабрина;

Зинаи 2-юм – Маҳмудова Нозанин;

Зинаи 3-юм – Масҳабова Амина.

Рӯзи 4-ум – нимфинал барои мардону занони калонсол, бо иштироки ғолибони мусобиқаҳо байни кӯдакону наврасон:

Байни калонсолон:

Зинаи 1-ум – Ҷалолиддин Илҳомӣ;

Зинаи 2-юм – Каримов Алишер;

Зинаи 3-юм – Авзалзода Аҳмад.

Зинаҳои махсуси ҷоизавӣ байни занон:

Зинаи 1-ум – Абророва Сабрина;

Зинаи 2-юм – Маҳмудова Нозанин;

Зинаи 3-юм – Улуғхоҷаева Зебо.

Собиқадорон:

Зинаи 1-ум – Ҳисориев Шораҳмат;

Зинаи 2-юм – Акимов Азиз;

Зинаи 3-юм – Бобоев Хуршед.

Рӯзи 5-ум – ФИНАЛ (бо иштироки устодони байнулмилалии варзиш)

Зинаи 1-ум – Рашид Ҳусейнов;

Зинаи 2-юм – Ҷалолиддин Илҳомӣ;

Зинаи 3-юм – Каримов Алишер;

Зинаи 4-ум – Қобилов Аминҷон;

Зинаи 5-ум – Авзалзода Аҳмад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...