Русия дигар ба низомиёни давлатҳои ИДМ нафақа намедиҳад. Ба шаҳрвандони Тоҷикистон чӣ дахл дорад?

Алина Валамат-Зода Asia-Plus

Президенти Русия Владимир Путин қонун дар бораи бекор кардани ду созишномаро, ки таъминот бо нафақаи хидматчиёни ҳарбии неруҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)-ро танзим мекард, ба имзо расонид. Ин чӣ маъно дорад ва метавон аз он ба ташвиш афтод?

Соли 1992 байни кишварҳои узви ИДМ дар бораи танзими таъминот бо нафақаи хидматчиёни ҳарбӣ 2 созишнома ба имзо расид: Созишнома дар бораи тартиби таъминот бо нафақаи хидматчиёни ҳарбии кишварҳои узви ИДМ ва Созишнома дар бораи тартиби таъминот бо нафақаи хидматчиёни ҳарбии Қушунҳои сарҳадии кишварҳои узви ИДМ.

Зери Созишномаҳо Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Украина имзо гузоштанд.

Акнун Русия Созишномаҳои зикршударо бекор кард. Ин чӣ маъно дорад?

Ин хабар ба ман ҳам дахл дорад?

Бале, агар шумо хидматчии ҳарбӣ бошеду дар яке аз кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон нафақа мегиред ё ният доред, ки ба нафақа бароед.

Ин чӣ гуна Созишномаҳо буданд?

Қаблан тартиби пардохти нафақа ба хидматчиёни ҳарбӣ ба усули қаламрав асос меёфт. Ҳангоми кӯчбандӣ ба маҳалли зисти доимӣ ба дигар кишвари ИДМ ба нафақагир аз рӯи қонунгузории кишвари иқомат нафақа таъин мешуд.

Ба таври фаҳмотар – нафақахӯр дар ҷое, ки зиндагӣ мекард бо тартиби ҳамон давлат нафақа мегирифт.

Дар ҳамин ҳол, дар кишваре, ки ӯ воқеан зиндагӣ, пардохти нафақа ба ӯ қатъ мешуд.

Ба ин тариқ, агар шумо хидматчии ҳарбӣ аз Тоҷикистону будеду ба Русия мерафтед, бо ҳаҷми дар он ҷо муқараррашуда нафақа мегирифтед.

Барои чӣ ин Созишномаҳоро бекор карданд?

Ин Созишномаҳо пеш аз ҳама, ба ҳифзи ҳуқуқҳои таъминот бо нафақаи хидматчиёни ҳарбии Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) то қабули қонунҳо оид ба масъалаи таъминот бо нафақа аз ҷониби кишварҳои ИДМ нигаронида шуда буданд.

Аммо дар зарфи 30 соли ахир дар кишварҳои ИДМ чунин қонунгузории миллӣ аллакай ташаккул ёфта, мутаносибан ба Созишномаҳо дигар зарурат намонд.

Илова бар ин, дар матни Созишномаҳо камбудиҳои ҳуқуқӣ ҷой доштанд. Ҳамаи хидматчиёни ҳарбии собиқи кишварҳои ИДМ расман ба Созишномаҳо дохил шуданд. Вақте ки онҳо ба Русия кӯчиданд, ҳуқуқ пайдо намуданд, ки ба онҳо аз буҷети Русия пардохти дахлдор сурат гирад ва маъмулан пардохт дар ин ҷо нисбат дигар кишварҳои ИДМ баландтар аст.

Дар робита ба ин, вуруди нафақахӯрони ҳарбии хориҷӣ ба Русия зиёд шуда, дар натиҷа, Русия воқеан пардохти нафақаи кормандони низомии кишварҳои хориҷиро таъмин мекард.

Ҳамзамон ҳаҷми нафақаи собиқ хидматчиёни ҳарбии Русия, ки барои иқомати доимӣ ба қаламрави яке аз кишварҳои ИДМ кӯч баста буданд, ба таври назаррас камтар буд.

Кирои ташвиш аст? Акнун ман дигар нафақа намегирам?

Дар ҳолати ба Русия кӯчидани хидматчиёни ҳарбии тоҷик ба Русия, нафақа пардохт мешавад, лекин акнун на аз ҷониби Русия, балки аз тарафи Тоҷикистон бар асоси созишномаи дуҷонибаи байнулмилалӣ дар соҳаи таъминот бо нафақа.

Дар ҳамин ҳол, бекор шудани Созишномаҳо ба ҳуқуқҳои нафақахӯрони ҳарбии амалкунанда, яъне ба касоне, ки аллакай нафақаашон таъин шудааст, дахл намекунад ва онҳо мисли тартиби пешина онро мегиранд.

Акнун пардохти нафақаи хидматчиёни ҳарбӣ чӣ гуна танзим мешавад?

Ба хидматчиёни ҳарбие, ки ба онҳо нафақа аллакай таъин шудааст, пардохти он идома меёбад. Аммо барои пардохти нафақаи касоне, ки баъди қатъи Созишномаҳо ба нафақа мебароянд, кишварҳо ба ҳамкории дуҷонибаи байнулмилалӣ дар соҳаи таъминот бо нафақа мегузаранд.

Агар шумо хидматчии ҳарбии Русия бошеду ба дигар кишвари ИДМ рафтед, пас нафақаи шумо мутобиқи Муқаррарот дар бораи тартиби пардохти нафақаи суғуртавӣ ба шахсоне, ки барои иқомати доимӣ ба берун аз ҳудуди қаламрави Русия рафтаанд, пардохт мешавад.

Агар шумо хидматчии ҳарбии Тоҷикистон бошед, нафақаатон тибқи Қонуни ҶТ “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони ҶТ” танзим шуда, лекин агар ба Русия кӯчед, пас пардохти нафақа аз ҷониби Тоҷикистон тибқи маблағи муқарраркардаи давлат идома меёбад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...