Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем.
Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Мадина Отабоева бо Меҳрубон Зокирӣ мавзуи тартиби шикоят овардан дар доираи расмиёти маъмуриро баррасӣ карданд.
Ҳуқуқи шикоят овардан нисбати санади мақомоти маъмурӣ, амал ва ё беамалии шахси мансабдори мақомоти маъмурӣ
Тарафи манфиатдор аз болои санади маъмурие, ки мақомоти маъмурӣ қабул намудааст, ҳақ дорад шикоят оварад.
Аз тарафи мақомоти маъмурӣ вайрон кардани мӯҳлати муқарраргардидаи қабули санади маъмурӣ рад намудани қабули санади маъмурӣ эътироф карда мешавад ва аз болои он бо тартиби муқаррарнамудаи қонун шикоят карда мешавад.
Шикояти маъмуриро мақомоти маъмурие, ки санади маъмуриро қабул намудааст, дар сурати доштани роҳбари шахси мансабдор, ё воҳиди сохтории санади маъмуриро қабулнамуда, баррасӣ ва ҳал мёнамояд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.
Аз болои санади маъмурие, ки шахси мансабдори роҳбарикунандаи мақомоти маъмурӣ қабул кардааст, ба мақомоти маъмурии болоӣ шикоят карда мешавад. Аризадиҳанда барои ҳифзи ҳуқуқ ё озодиҳои поймолгардидааш ҳуқуқ дорад бидуни муроҷиат ба мақомоти маъмурӣ бо шикоят ба суд муроҷиат кунад.
Тартиби маъмурии шикоят овардан дар доираи расмиёти маъмурӣ чӣ гуна аст?
Расмиёти маъмурӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун танҳо дар сурати пешниҳоди шикояти маъмурӣ ва ба қайд гирифтани он оғоз карда мешавад. Шикояти маъмурӣ бояд дар шакли хаттӣ тартиб дода шавад ва ба талаботи қонун ҷавобгӯй бошад. Расмиёти маъмурӣ вобаста ба шикояти маъмурӣ бо тартиби расмиёти маъмурии расмӣ анҷом дода мешавад.
Ҳангоми баррасӣ ва ҳалли шикояти маъмурӣ аз ҷониби мақомоти маъмурии коллегиалӣ низ тартиби муқаррарнамудаи қонун истифода карда мсшавад.
Шикояти маъмурӣ бояд дар давоми як моҳи баъди эътибори қонунӣ пайдо намудани санади маъмурӣ пешниҳод карда шавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад
Дар сурати гузарондани мӯҳлате, ки барои пешниҳод кардани шикоят аз болои санади маъмурӣ муқаррар карда шудааст ва агар ин мӯҳлат бо сабабҳои узрнок гузаронида шуда бошад, вале аз 1 сол зиёд набошад, он бояд барқарор карда шавад.
Дар шикояти маъмурӣ бояд зикр карда шаванд:
– номи мақомоти маъмурие, ки ба он шикояти маъмурӣ пешниҳод карда мешавад;
– фамилия, ном, номи падар ва суроғаи шахсе, ки шикояти маъмуриро пешниҳод мекунад;
– номи мақомоти маъмурие, ки аз санади маъмурӣ ё амалҳои он шикоят оварда мешавад;
– номи санади маъмурие, ки ба он шикоят оварда мешавад;
– моҳияти талабот;
– ҳолатҳое, ки талабот ба онҳо асос ёфтааст;
– намуди расмиёти маъмурӣ барои баррасии шикояти маъмурӣ;
– номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки ба шикояти маъмурӣ замима гардидаанд.
Агар ба шахси шикояти маъмурӣ оварда санади маъмурӣ супурда шуда бошад, нусхаи он ба шикояти маъмурӣ замима карда мешавад.
Мақомоти маъмурӣ шикояти маъмуриро баррасӣ намекунад, агар:
– ҳалнома ё таъиноти суд дар бораи аз даъво даст кашидани даъвогар оид ба ҳамон мавзӯи баҳс, дар бораи даъворо эътироф намудани ҷавобгар ё тасдиқи созиши оштии тарафҳо мавҷуд бошад;
– парванда дар бораи баҳси байни ҳамон тарафҳо, доир ба ҳамон мавзӯъ ва ҳамон асос дар мурофиаи судӣ бошад;
– қарори ин мақомот ё мақоми маъмурии болоӣ доир ба ҳамин масъала мавҷуд бошад;
– дар мақомоти маъмурии болоӣ расмиёти маъмурӣ доир ба ҳамин шикояти маъмурӣ дар баррасӣ бошад;
– баррасии шикояти маъмурӣ дар тобеияти мақомоти маъмурӣ набошад;
– шикояти маъмурӣ аз ҷониби шахсе пешниҳод шуда бошад, ки ба пешниҳоди чунин шикояти маъмурӣ ҳуқуқ надорад;
– мӯҳлате, ки қонун барои пешниҳоди шикояти маъмурӣ муқаррар намудааст, гузашта бошад;
– шикоятдиҳанда то баррасии ариза вафот карда бошад ё шахси ҳуқуқӣ барҳам хӯрда бошад.
Мақомоти маъмурии ваколатдор ӯҳдадор аст, ки шикояти маъмуриро баррасӣ намояд ва дар мӯҳлати як моҳ қарори дахлдор қабул кунад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.
Мӯҳлати баррасии шикояти маъмурӣ метавонад на бештар аз як моҳ дароз карда шавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистои тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.
Амали санади маъмурӣ боздошта намешавад, агар:
– ин боиси хеле зиёд шудани хароҷоти мақомоти маъмурӣ гардад;
– он санади маъмурие бошад, ки вобаста ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ қабул гардидааст;
– он дар вақти ҳолати фавқулодда ё ҳарбӣ дар асоси қонуни дахлдор қабул гардида бошад;
– ба таъхир гузоштани иҷрои он барои тартиботи ҷамъиятӣ ё амният таҳдиди ҷиддӣ ба вуҷуд оварад.
Тартиби судии шикоят овардан дар доираи расмиёти маъмурӣ чӣ гуна аст?
Кодекси расмиёти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби мурофиавии баррасӣ ва ҳалли баҳсҳоро вобаста ба муносибатҳои ҳуқуқие, ки қонун пешбинӣ мекунад, аз ҷониби судҳои салоҳияти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.
Мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун дар судҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ баҳсҳои вобаста ба муносибатҳои ҳуқуқие, ки аз қонун бармеоянд, баррасӣ карда мешаванд.
Дар мурофиаи расмиёти маъмурӣ дар суд баҳсҳои зерин метавонанд баррасӣ гарданд:
-мутобиқати санади ҳуқуқии маъмурӣ ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– ӯҳдадории мақомоти маъмурӣ оид ба ҷуброни зарар;
-ӯҳдадории мақомоти маъмурӣ оид ба қабули санади маъмурӣ ё анҷомдиҳии ягон амали дигар тибқи расмиёти маъмурӣ.
Даъво бояд ба суде пешниҳод карда шавад, ки барои баррасӣ ва ҳалли парвандаи маъмурӣ салоҳият дорад.
Дар сурати вайрон гардидани қоидаҳои тобеияти судӣ суд даъворо ба суд аз рӯи тобеият ирсол намуда, дар ин бора даъвогарро огоҳ менамояд.
Баҳси байни судҳо оид ба тобеяти судӣ бо таъиноти асосноки суди зинаи болоӣ ҳал карда мешавад.
Даъвогар ӯҳдадор аст даъвои худро асоснок намояд ва далелҳои дахлдор пешниҳод кунад. Ҷавобгар ӯҳдадор аст эродҳои худро асоснок намояд ва далелҳои дахлдор пешниҳод кунад.
Ӯҳдадории исбот дар сурати пешниҳод гардидани даъво беэътибор донистан ё аз эътибор соқит донистани санади ҳуқуқии маъмурӣ ба зиммаи ҷавобгар вогузор мегардад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.
Мақомоти маъмурӣ ӯҳдадоранд бо талаби суд ҳуҷҷатҳо ва дигар иттилооти барои баррасӣ ва ҳалли парванда заруриро ба суд пешниҳод кунанд.
Мурофиаи расмиёти маъмурӣ дар суди зинаи аввал ва намудҳои даъво:
-даъво оид ба беэътибор донистан ё аз эътибор соқит донистани санади ҳуқуқии маъмурӣ;
-даъво метавонад бо талаби беэътибор донистан ё аз эътибор соқит донистани санади ҳуқуқии маъмурӣ пешниҳод карда шавад;
-даъво оид ба қабули санади ҳуқуқии маъмурӣ;
-даъво оид ба анҷомдиҳии амалҳо;
-даъво оид ба эътироф намудан;
Пешниҳоди даъво ба суд амали санади ҳуқуқии маъмуриеро, ки аз он шикоят шудааст, бозмедорад.
Амали санади ҳуқуқии маъмурӣ боздошта намешавад, агар:
– ин ба ворид намудани андозҳо, боҷҳо ё дигар пардохтҳои ҳатмӣ вобаста бошад;
– он дар вақти ҳолати фавқулодда ё ҳарбие, ки дар асоси қонуни дахлдор эълон шудааст, қабул шуда бошад.
Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.


