Тоҷикистон акнун камбизоаттарин узви Бонки авроуосиёии рушд нест?

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тоҷикистон дар се соли охир – пандемия ва пас аз пандемия – тавонист сатҳи камбизоатиро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш диҳад, дар ҳоле ки дар дигар кишварҳои узви Бонки авруосиёии рушд (БАОР) дар ин давраи душвор шумораи мардуми камдаромад баръакс, хеле афзуд.

Мувофиқи маълумоти гузориши моҳи апрели БАОР, дар соли 2022 сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон 22,5%-ро ташкил дод, ки 3,8% поинтар нисбат ба нишондиҳандаи соли 2019 мебошад. Тибқи маълумоти расмӣ он вақт сатҳи камбизоатӣ ба 26,3% баробар буд.

Муаллифони гузориш зикр мекунанд, ки маълумоти онҳо аз паёми президенти Тоҷикистон гирифта шудааст. Дарвоқеъ, президенти кишвар зимни ироаи паёми ахири худ рӯзи 23 декабри соли 2022 изҳор дошт, ки “сатҳи камбизоатӣ аз 27,4% дар соли 2018 то ба 22,5% дар соли 2022 коҳиш ёфт”.

Яъне, боқимонда 77,5%-и аҳолии кишвар камбизоат нестанд.

Дар ҳамин ҳол, дар гузориши БАОР зикр мешавад, ки дар аввали соли 2022 сатҳи камбизоатӣ дар Арманистон ба 26,5% ва Қирғизистон – 33,3% расида, то замони пандемия ин нишондиҳандаҳо мутаносибан 23,5% ва 20,1%-ро ташкил медоданд.

Бино бар асоси гузориш, мизони камбизоатӣ дар дигар кишварҳои узви БАОР тариқи зайл аст: дар Беларус – 4,1%, Қазоқистон – 5,2% ва Русия – 11%.

Қаблан моҳи феврали соли равон раҳбарияти Вазорати меҳнати Тоҷикистон хабар дод, ки тайи ду соли ахир сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ 0,9% поин рафта, акнун ин ншондиҳанда 22,5%-ро ташкил медиҳад.

Дар Вазорат зикр карда буданд, ки  ба ҳолати 1 декабри соли 2022 маоши миёна дар кишвар ба 1730,12 сомонӣ (166,62 доллар) баробар шуда, 13,4% ё худ 204,7 сомонӣ зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.

Барои муқоиса: дар Арманистони “камбизоат” маоши миёна ба ҳолати аввали соли равон тибқи маълумоти расмӣ, зиёда аз 235 ҳазор драм (605 доллар) ва Қирғизистон – ҳудуди 27 ҳазор сом (310 доллар)-ро ташкил додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...