Пас аз бозгашт аз Ироқу Сурия. Таҷрибаи Тоҷикистон дар офиятбахшию барқарорсозии баргаштагон

Рустам Азизӣ, коршинос-диншинос

Дар муқоиса бо бисёре аз кишварҳо Тоҷикистон дар масъалаи бозгардонидан ва барқарорсозии шаҳрвандонаш ба Ватан таҷрибаи нодир дорад. Солҳои 90-ум ва аввали солҳои 2000-ум гурезагони дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ ватанро тарк карда, ба ҷумҳурӣ баргаштанд, ки теъдоди онҳо аз теъдоди баргаштагони имрӯза ба маротиб бештар буд.

Ҳанӯз ҳамон замон механизмҳои зарурии молиявӣ, моддию техникӣ, сохторӣ, расонаӣ, ҳамгироӣ ва дигар механизмҳо таҳия шуданд, ки метавонанд вижагиҳои бархӯрди Тоҷикистонро ба ин масъала такмил диҳанд. Вале вижагиҳои ҳуқуқӣ ва амалии ин таҷриба то ба ҳол аз ҷониби пажӯҳишгарон ва коршиносону масъулони тоҷикистонӣ дуруст мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор нагирифт, то намунаҳои амалкарди он ба воқеияти нав мутобиқ шаванд.

Аз ҷониби дигар вуҷуд доштани чунин пешина то андозае масъулонро фориғбол кард ва ҳатто суханҳое садо медод, ки “мо дар солҳои 90-ум тавонистем наздик ба як миллион нафарро ба Ватан бар гардонем ва ин як-ду ҳазор коре нест!”. Шояд ин эътимоди зиёд ба таҷриба ва натиҷаҳои пешин боис шуд, ки ба масъалаи барқарорсозӣ ва офиятбахшии баргаштагон дертар таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир шуд.

Соли 2016 аввалин Стратегияи миллии муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 қабул гардид, вале дар он ба баргардонидани шаҳрвандон ва барқарорсозиву офиатбахшии онҳо ҳамчун масъалаи вижа таваҷҷуҳ зоҳир нагардид.

Зуҳури Давлати исломӣ* ва пайвастани тоҷикистониҳо ба набардҳои мусаллоҳона дар кишварҳои хориҷӣ

Низоъҳои хомӯшнашавандаи мусаллаҳона, пайдоши нуқтаҳои нави доғ дар гӯшаҳои гуногуни дунё ва дар ин замина авҷ гирифтани рӯҳияи ифротгароӣ таҳдидҳоро ба амнияти кишварҳои ҷаҳон ва Тоҷикистон афзоиш доданд.

Аз ҷумлаи ин гуна таҳдидҳо интиқоли ҷангҷӯёни террорист аз кишварҳои гуногун ба минтақаи Ироқу Сурия дар натиҷаи таъсис ва тақвият ёфтани мавқеи созмони террористии “Давлати исломӣ” барои амнияти кишвар ва ҷомеа хатару чолишҳои нав эҷод намудааст.

Созмонҳои экстремистию террористӣ ҳамзамон ҷиҳати ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон, аз ҷумла тавасути ҷустуҷӯи аъзои нав дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти густурдаи ташвиқотию тарғиботиро ба роҳ мондаанд. Дар натиҷаи ин ташвиқот солҳои 2014-2017 наздик ба ду ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурия ва Ироқ ҷиҳати иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ба сифати ҷангӯёни террористи хориҷӣ сафар намуданд.

Баргаштани шаҳрвандон аз минтақаҳои ҷангзада

Ҳарчанд сенарияи мушаххас барои бозгаштагон аз оғози даргириҳо дар Сурия ва Ироқ пешбинӣ нашуда буд, вале раҳбарияти Тоҷикистон барвақт дар мавриди бозгашт ва афви афроде, ки мехоҳанд аз аъмоли қаблии худ даст кашанд, иродаи сиёсӣ баён кард.

Соли 2015 Ҳукумати Тоҷикистон ба шаҳрвандоне, ки ихтиёран аз минтақаҳои ҷангзада ба ватан бармегарданд ва аз хушунат даст мекашанд, пешниҳоди авф кард. Дар Иловаҳо ба моддаи 401 (эзоҳи 1) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2015 гуфта мешавад, ки шахсе, ки ихтиёран аз иштирок дар гурӯҳҳои мусаллаҳ дар қаламарви кишварҳои дигар то замони қатъи фаъолияти гурӯҳи мусаллаҳ даст мекашад, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод карда мешавад. Маҳз андешидани чунин чораҳо боис гардид, ки дар Тоҷикистон теъдоди зиёд афроди ихтиёран баргашта ё ба истилоҳ “худбаргаштагон” (self returnees) сабт шуд. Теъдоди онҳо тибқи омори охир беш аз ҳаштсад буда, ин падидаи вижа дар минтақа аст, зеро дар кишварҳои ҳамсоя худбаргаштагон ба далели набудани заминаҳои мусоиди ҳуқуқӣ аслан сабт нашуданд.

Тоҷикистон соли 2019 аз минтақаҳои ҷангзада 84 нафар ноболиғро баргардонид.  Дар идомаи ҳамин раванд, моҳи майи соли 2022 аз кишвари Сурия боз 146 нафар, аз ҷумла 42 нафар зан ва 104 нафар кӯдаку навраси синашон аз 2 то 18 сола ба ватан баргардонида шуданд. Ҷиҳати пурра муайян намудан ва баргардонидани боқимонда занону кӯдакон аз минтақаҳои ҷангзада чораҳо андешида шуда истодаанд.

Ҳолатҳои мазкур зарурати таҳия ва татбиқи барномаҳои самараноки офиятбахшӣ ва барқароркунии бозгаштагон, инчунин ҳамкории зичи байни субъектҳои давлатӣ ва ғайридавлатиро дар ин ҷода ба миён овардаанд.

Бар хилофи равиши кишварҳои дигар ба масъалаи бозгашт ва реинтегратсия, бархӯрди прагматикии Тоҷикистон кӯшиш мекунад, ки ба баргаштагон тавассути авф ва назорати ҷиддии ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ бархӯрд кунад. Бо такя ба иқтидори анъанавии реинтегратсияи маҳаллӣ, Тоҷикистон то соли 2019 барномаи вижаро таҳия накардааст. Бо вуҷуди ин, Тоҷикистон барвақт тасмим гирифт, ки ҳамаи шаҳрвандонаш ба Ватан баргардонида шавад ва дар навбати аввал ба занону кӯдакон ва онҳое, ки аз ақидаҳои ифротӣ даст кашидаанд, тамаркуз кард.

Айни замон дувумин Стратегияи миллии муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, таҳти №187 тасдиқ карда шудааст, мавриди татбиқ қарор дорад. Вазифаҳои марҳилаи кунунии муқовимат ба экстремизм ва терроризм – баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ, тақвияти ҳамкориҳои онҳо бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар коҳиш додани таҳдидҳои экстремизм ва терроризм, инчунин равнақ додани ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон ҳисобида шудаанд.

Масъалаҳои марбут ба “Барқарорсозӣ ва интегратсияи шахсони гузаштаи экстремистӣ ё террористидошта” дар банди 12 Нақшаи амали стратегияи мазкур баён гардидаанд. Аз ҷумла, барои расидан ба ин ҳадаф се вазифа  муайян гардид:

50. Таҳияи Барномаи барқарорсозӣ ва интегратсияи маҳбусоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террористидошта, аз ҷумла иштирок дар низоъҳои ҳарбии ҳудуди кишварҳои хориҷӣ маҳкум шудаанд.

51. Чораандешӣ ҷиҳати баргардонидан, солимгардонии тиббию равонӣ, таъмин намудан бо кор ва бо таҳсил фаро гирифтани занону кӯдаконе, ки аз минтақаи амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди кишварҳои дигар баргардонида шудаанд ё мешаванд.

52. Барқарорсозӣ ва регинтегратсияи ҷангиён – террористоне, ки аз иштирок дар муҳорибаҳои ҷангии ҳудуди кишварҳои дигар даст кашида, баргаштаанд, инчунин шахсоне, ки ихтиёраназ иштирок дар ташкилотҳои экстремистию террористии дар ҳудуди Тоҷикистон манъшуда даст кашидаанд.

Албатта, ҳоло марҳилаи аввали татбиқи ин ҳадафҳо аст, ва бинобар дастрас набудани маълумот оид ба амалӣ шудани нақшаҳо ва тадбирҳои мушаххас, наметавонем ба таври воқеъӣ ва рафти татбиқ ва зарфияту салоҳияти амалгаронро баррасӣ намоем. Вале, муссаллам аст, ки дар ин ҷода ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ, коршиносон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳо зарур аст.

Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи Барномаи рушди СММ «Дастгирии Иттиҳоди Аврупо ва СММ ба давлатҳои Осиёи Марказӣ барои шаҳрвандони кишварҳои сеюм, ки онҳоро аз Сурия ва Ироқ баргардониданд» ва зерлоиҳаи «Иттилоърасонии аҳолӣ оид ба офиятбахшӣ ва барқарорсозии бозгаштагон» таҳия гардидааст. Зерлоиҳа бо дастгирии техникии созмони ҷамъиятии «Таҳлил» амалӣ мешавад. 

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...