Ороиши зиёд ё бориши пайваста? Фурӯравии даҳҳо қабр дар қабристонҳои Суғд

Фарзона Муродӣ, махсус барои "Asia-Plus"

Боришоти зиёди борони рӯзҳои 1-ум ва 2-юми апрел боиси осеб дидани даҳҳо қабр дар қабристонҳои шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гардидааст.

Қаҳрамон Ахмедов, сардори шӯъбаи маросими дафн дар шаҳри Хуҷанд, дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, дар шаҳри Хуҷанд 16 қабристон мавҷуд аст, ки 13-тои он мусалмонӣ ва 3-то ғайримусалмонӣ аст.

Хабарнигори махсуси “Азия-Плюс” дирӯз, 12-уми апрел, ба қабристони Найсавори шаҳри Хуҷанд ва Ҳоҷӣ Сангину Ёйчии Бобоҷон Ғафуров рафт ва даҳҳо қабрҳои фурӯрафтаро мушоҳида кард.

Дар ҳамин ҳол, гӯрбони қабристонҳо сабаби асосии фурӯравии қабрҳоро на танҳо бар асари боришоти зиёди борон, балки дар  вазнинии гӯрҳои орододашуда маънидод карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...