Самарқанд: Дидору гуфтушунидҳои Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтоҳои худ

Алимшоҳ Меҳрзода,

Дирӯз, 13 апрел, дар Самарқанд дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ вохурии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мурат Нуртлеу баргузор шуд.

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот вазирон масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистонро бо таваҷҷӯҳ ба раванди омодагӣ ба сафари давлатии Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон, ки дар даҳаи  аввали моҳи майи соли 2023 пешбинӣ шудааст, баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон, 13 апрел, Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Беларус Сергей Алейник дидору гуфтушунид кард.

Вазирон масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо ва рафти иҷрои тавофуқоти дар натиҷаи сафари расмии Президенти Беларус ба Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2022 ҳосилшударо муҳокима карданд.

"Ҷонибҳо аҳамияти рушди пайвастаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Беларусро дар заминаи усулҳои шарикии стратегӣ таъкид намуданд", – зикр мешавад дар хабар.

Аз натиҷаи мулоқот Нақшаи машваратҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Беларус барои солҳои 2023-2024 ба имзо расидааст.

Ҳамчунин дар ҳошияи ин нишаст Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Покистон Ҳина Раббонӣ Кхар мулоқот кард.

Дар ҷарёни мулоқот маҷмуи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои ду кишвар ва масъалаҳои алоҳидаи рузномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасии тарафайн қарор доштанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...