Аз “Китоби сурхи Тоҷикистон” навъҳои нобудшудаи ҳайвоноту растаниҳоро хориҷ мекунанд

Бар асари таъсири одамон ба табиат бисёре аз навъҳои ҳайвонот ва растаниҳо дар ҳоли нобудшавӣ қарор доранд. Олимони тоҷик мегӯянд, шумори онҳо зиёда аз 250 навъи ҳайвонот ва ҳудуди 230 навъи растаниҳо мебошанд. Чунин  омилҳоро онҳо аз ҷумлаи сабабҳои камшавии ҳайвоноту наботот медонанд: – Азхудкунии заминҳо бо мақсади корҳои кишоварзӣ; – Васеъ шудани қаламрави чаронидани […]

Фозилҷон Фатҳуллоев, Asia-Plus

Бар асари таъсири одамон ба табиат бисёре аз навъҳои ҳайвонот ва растаниҳо дар ҳоли нобудшавӣ қарор доранд.

Олимони тоҷик мегӯянд, шумори онҳо зиёда аз 250 навъи ҳайвонот ва ҳудуди 230 навъи растаниҳо мебошанд.

Чунин  омилҳоро онҳо аз ҷумлаи сабабҳои камшавии ҳайвоноту наботот медонанд:

– Азхудкунии заминҳо бо мақсади корҳои кишоварзӣ;

– Васеъ шудани қаламрави чаронидани чорвои хонагӣ;

– Шикори ғайриқонунӣ;

– Тибби мардумӣ.

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода дар як нишасти матбуотӣ дар моҳи январи соли ҷорӣ гуфта буд, ки ба далели аз байн рафтани баъзе намудҳои ҳайвонот ва баръакс, афзоиши теъдоди дигар, Китоби Сурхи Тоҷикистон аз нав нашр мешавад.

“Баъзе ҳайвонот пурра нест шуданд. Мо ният дорем, ки онҳоро аз китоб хориҷ кунем. Спршумори баъзе дигар, баръакс, афзуд. Онҳоро низ хориҷ карданием”, – изҳор дошта буд вай.

Дар бораи нашри сеюми китоб дар бораи ҳайвоноти нодири Тоҷикистон моҳи ноябри соли гузашта маълум шуд. Ин масъала дар мизи корӣ бо иштироки олимон ва мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Акдемияи миллии илмҳои ҶТ ва намояндагони дигар вазорату идораҳои марбута баррасӣ шуд.

Он замон иштирокчиёни мизи гирд тасмим гирифтанд, ки ба корҳои омӯзишу таҳияи нашри нави “Китоби сурхи Тоҷикистон” дар аввали соли 2023 оғоз бахшида, онро то охири сол ба охир расонанд.

“Айни замон таҳқиқот идома дошта, экспедитсияҳо гузаронида мешаванд. Масоили рушди ҳайвоноту наботот мавриди омӯзиш қарор гирифта, маводи илмӣ коркард мешавад”, – гуфтанд дар Кумита ва Академия.

Аввалин Китоби сурхи Тоҷикистон соли 1988 нашр шуда, дар он 162 навъи ҳавонот ва 226 навъи растаниҳо зикр шуда буданд. Соли 2015 нашри дуюми Китоби Сурх ба чоп расида, он 267 навъи растаниҳо ва 222 навъи ҳайвонотро дар бар мегирифт.

Тибқи маълумоти охирин, дар Тоҷикистон беш аз 13 ҳазор намуди ҳайвонот ва ҳудуди 5 ҳазор навъи наботот зиндагӣ мекунанд. Макони зист в анашъунамои 80 фоизи тамоми намудҳои хайвонот ва наботот дар минтақаи кӯҳистон аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.