Моҳи март нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон 2 баробар боло рафт

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Нархҳои истеъмолӣ ба маҳсулоти хӯрокворӣ дар Тоҷикистон дар моҳи марти соли ҷорӣ ба андозаи 1,7% боло рафтанд, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ. Як моҳ пеш ин маҳсулот 0,8% гарон шуда буд.

Дар ин моҳ нархҳо нисбатан ба сабзавот (7,4%) ва мева (7,8%) боло рафтанд. Аз ҷумла сабзӣ 20%, карам – 10%, бодиринг – 8,4%, помидор – 3,6%, ангур – 33% ва себ – 10% қимат шуданд.

Ҳамчунин болоравии нарх ба шир ба андозаи 3,7% ва биринҷу тухм – 3,3%-ӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, болоравии нарх ба маҳсулоти ғайриозуқа дар моҳи март дар муқоиса бо моҳи гузашта 4 баробар – аз 0,8% дар моҳи феврал то 0,2% поин рафтааст.

Тарифҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ дар моҳи март ба андозаи 0,2% поин рафтааст. Дар моҳи феврал баръакс, болоравии тарифҳо дар ҳамин сатҳ ба қайд гирифта шуда буд.

Аз оғози сол маҳсулоти хӯрокворӣ 3%, маҳсулоти ғайриозуқа – 1,2% ва хидматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ – 0,1% зиёд шуданд.

Сатҳи умумии болоравии нархҳои истеъмолӣ дар семоҳаи аввали соли равон 1,8%-ро ташкил дод.

Сатҳи таваррум дар Тоҷикистон дар моҳи марти соли ҷорӣ 0,9%-ро ташкил дод, хабар дода буд қаблан шуъбаи матбуоти Бонки миллии кишвар. Ин ба сатҳи умумии таваррум дар моҳҳои пешина – 0,5% дар моҳи январ ва 0,4% дар моҳи феврал баробар аст.

Бино ба маълумоти Бонки миллӣ, сатҳи таварруми солона (аз моҳи марти соли 2022 то охири моҳи марти соли 2023) 3,5%-ро ташкил додааст.

Нишондиҳандаи ҳадафноки таваррум барои соли 2023 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба мисли чанд соли ахир дар сатҳи 6,0% (+/-2 б.ф.) пешбинӣ шудааст.

Дар гузориши чанде пеши Бонки ҷаҳонӣ дар бораи дурнамои иқтисоди ҷаҳон гуфта мешавад, таваррум дар Тоҷикистон дар соли 2023 “тадриҷан коҳиш ёфта, дар ҳудуди нишондиҳандаи ҳадафноки БМТ 4-8% боқӣ мемонад, ки ба он сиёсати шадиди пуливу қарзӣ мусоидат мекунад”.

“Коҳиши талабот дар ҷаҳон содироти фулузот (металлҳо)-и гаронбаҳо ва канданиҳои фоиданокро аз Тоҷикистон кам мекунад”, – тахмин мекунанд таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ.

Онҳо сатҳи таваррумро аз рӯи натиҷаҳои соли 2023 дар сатҳи 5,6 фоиз ва дар ду соли оянда – 6,5 фоизӣ пешгӯӣ мекунанд.

Коршиносони Бонки аврруосиёии рушд (БАОР) дар гузориши моҳи апрели худ таваррумро дар ҷумҳурӣ то охири соли тақрибан дар ҳамин сатҳ – 6,0 фоиз пешбинӣ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, иқтисодчиёни Бонки осиёии рушд соли ҷорӣ дар Тоҷикистон аз сатҳи таварруми нисбатан баландтар -7% интизорӣ доранд.

Дар гузориши “Шарҳи рушди Осиё” онҳо ин пешгӯии худро “эҳтимоли беқурбшавии асъори миллӣ дар таносуб бо поинравии қурби рубл, афзоиши минбаъдаи қарздиҳии истеъмолӣ, болоравии маоши хидматчиёни давлатӣ ва нафақаҳо” маънидод мекунанд.

Дар соли 2024 мутахассисони Бонки осиёии рушд аз сустшавии таваррум то 6,5% интизорӣ доранд, “чунки нархҳои ҷаҳонӣ ба маҳсулоти хӯрокворӣ муътадил хоҳанд буд”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...