БАОР: Исрофи зиёд Осиёи Марказиро ба камбуди об дучор мекунад

Asia-Plus

Дар сурати ҳамкории нокофии минтақавӣ, то соли 2050 кишварҳои Осиёи Марказӣ ба камбуди об барои обёрӣ дучор шуда метавонанд, гуфта мешавад дар гузориши Бонки авруосиёии рушд (БАОР).

Ба гуфтаи мутахассисони БАОР,сарчашмаи асосии маҳдудиятҳои сохторӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ камбуди захираҳои обӣ мебошад. Дар оянда камбудиҳо дар кишварҳои иқлимашон хушк танҳо зиёд шуда, имкони васеъ кардани заминҳои кишоварзиро маҳдуд мекунанд.

Ҳалли масъалаи амнияти озуқаворӣ мутаносибан ба зиёд кардани самараи идоракунии комплекси обӣ-энергетикии Осиёи Марказӣ ва истифодаи технологияи сарфаи нам алоқаи зич дорад.

Бино ба маълумоти мутахассисони бонк, иқтисоди давлатҳои Осиёи Марказӣ бо сатҳи баланди энергияталабӣ ва обталабии соҳаҳои иқтисодиёт ва пеш аз ҳама кишоварзӣ ва саноат хос аст.

“Рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳавзаи баҳри Арал кайҳо боз дар шароити камшавии захираҳои об ҷараён дорад ва ин ҳолат самти асосии муносибатҳои байнидавлатии кишварҳои минтақаро муайян мекунад. Норасоии об дар минтақа бештар ба ташкили нокофии истифодаи об дар кишоварзӣ ва саноат, инчунин вазъияти ғайриқаноатбахши зербинои хоҷагии об ва нарасидани маблағ барои рушд ва хидматрасонии техникии он вобаста аст”, – зикр мешавад дар гузориш.

Дар маҷмӯъ, масрафи об ба ҳар сари аҳолӣ нисбат ба давраи шӯравӣ ду баробар – аз 3500 м3 то 1540,7 м3 дар соли 2018 кам шудааст.

Қобили зикр аст, ки тибқи маълумоти Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО), захираҳои об дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳар сари аҳолӣ кофӣ мебошанд (ҳудуди 2,3 ҳазор м3). Мушкил на сари камбуд, бали истифодаи ғайриоқилона аст.

Дар гузоришҳои ФАО зикр мешавад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ба даҳгонаи пешсафони истифодаи об дар ҷаҳон дохил мешаванд: Туркманистон (5319 м3/сол), Қазоқистон (2345 м3/сол), Ӯзбекистон (2295 м3/сол), Қирғизистон (1989 м3/сол), Тоҷикистон (1895 м3/сол). Ғайр аз ин, барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ нисбат кишварҳои рушдёфта 2,5-3 баробар зиёдтар об истифода мешавад.

Имрӯз дар хоҷагии оби Тоҷикистон 92% аз ҳаҷми оби истеъмолӣ ба эҳтиёҷоти кишоварзӣ ва энергетика ва 4% – ба саноат ва хоҷагии коммуналӣ истифода мешавад. Дар ҳамин ҳол, дар Тоҷикистон мушкилоти оби нӯшокӣ низ вуҷуд дорад. Ҳуддуди 68%-и аҳолӣ ба таъминоти мутамарказ бо об дастрасӣ надоранд. Наздики 30%-и шабакаҳои обрасон дар ҷумҳурӣ кор намекунанд.

Илова бар ин, дар Тоҷикистон, ба гуфтаи коршиносон, барои эҳтиёҷоти хоҷагиҳои парандапарварӣ 61 маротиба, дар Ӯзбекистон барои чорводорӣ 10 маротиба, дар Туркманистон барои парвариши пахтаи хом 42 маротиба бештар аз Чин оби обёрӣ истифода мешавад.

Мутахассисони Донишгоҳи шимолу ғарби A&F музофоти Шенсии Чин низ ба хулоса расидаанд, ки Осиёи Марказӣ минтақаест, ки дар он аз ҳама бештар нисбати истифодаи об исрофкории беҳад сурат мегирад.

Коршиносони Чин мутмаинанд, ки бо истифодаи оқилонаи захираҳои об ва замин дар кишварҳои минтақа метавон 56%-и обро сарфа карда, 387 млн нафарро бо ғизо таъмин кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...