Аз “Мактубҳо” то “Ҷавҳари Айнӣ”. Се китоби нав бахшида ба 145-солагии Садриддин Айнӣ ба табъ расид

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Бори аввал ба ифтихори 145-солагии Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон ва сардафтари адабиёти навини тоҷик, беш аз 280 номаҳои адиб ҷамъоварӣ ва дар маҷмааи ҷадиде таҳти номи “Мактубҳо” дар Душанбе ба нашр расидааст. Дар ин бора Анзурати Маликзод, таҳиякунандаи китоб ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Китоб дар таҳия, тасҳеҳ ва таҳрири кормандони илмии Шуъбаи таърихи адабиёти Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) ба табъ расидааст. Таҳиякунандаи дигари он Гулбаҳор Усмонова аст.

Анзурати Маликзод мегӯяд, “китоби мазкур аз сарсухани муфассал ва равиши корамон дар ҷараëни омода намудани мактубҳо, ки ба қалами банда тааллуқ дорад, фароҳам омадааст”.

Ба гуфтаи ӯ, номанигорӣ дар баробари офаридани назму насри мондагор, ҷузъе аз фаъолияти доимӣ ва рӯзмарраи устод Айнӣ будааст.

“Аҳамияти номаҳои устод Айнӣ камтар аз қиммати осори адабиву илмии ӯ набуда, балки баробар ба мероси арзишманди бадеӣ ва илмӣ-тадқиқотии адиб арзиш касб мекунад”,- зикр мекунад Маликзод.

Тавре номбурда мегӯяд, дар “Мактубҳо” беш аз 280 номаҳои устод Айнӣ аз манбаъҳои гуногун гироварӣ гардидааст ва маҷмаан 664 саҳифаро дарбар мегирад.

Анзурати Маликзод меафзояд, ки мукотиботи устод Айнӣ бори аввал дар асоси маводи бойгонии Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ, бойгонии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ, маҷаллаву рӯзномаҳои дар солҳои гуногун ба табъ расида ва маҷмӯаву ёддошт ва китобҳои адибону олимон ва шогирдону ҳамнаслони эшон ба шакли пурра мураттаб ва пешниҳоди хонанда гардидааст.

Ҳамчунин, ба гуфтаи таҳиякунанда, китоб дорои чандин феҳристҳои илмӣ буда, барои ба осонӣ пайдо кардани манбаъҳо мусоидат мекунад.

Гуфта мешавад, дар охир Эзоҳот оварда шудааст, ки барои баëни мазмуни умумии мактубҳо ба хонанда ëрӣ мерасонад.

Дар ин баробар, рӯзноманигор Одил Нозир хабар медиҳад, ки дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 145-уми солгарди Садриддин Айнӣ ду китоби нави дигаре перомуни ҷойгоҳи адиб ба табъ расидааст.

Ба гуфтаи ӯ, “Ҷойгоҳи Садриддин Айнӣ дар рушди забон ва адабиёти тоҷик” – маҷмӯаи мақолаҳои илмии аҳли таҳқиқ, донишмандони ҳавзаҳои гуногуни Тоҷикистон (Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд), ҳамзамон Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст.

Ин маҷмӯа бо ташаббуси адабиётшиноси пуркору саршинос Субҳони Аъзамзод, адабиётшинос Мутрибахон Мавлонова – мудири кафедраи адабиёти муосир ва профессор Замирахон Ӯлмасова – декани факултаи филологияи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров ба чоп омода шудааст.

Дар ин маҷмӯа, ки наздики 600 саҳифа аст, мақолаҳои олимони саршиноси тоҷик нашр гардидааст. Яке аз таҳқиқоти ҷадиди академик Акбари Турсон низ вориди ин китоб шудааст.

Гуфта мешавад, дар мақолаҳои муҳаққиқон нақши устод Айнӣ дар рушди забону адабиёт ва фарҳангу маънавиёти миллати тоҷик нишон дода шудааст.

Ҳамин тавр, китоби “Ҷавҳари Айнӣ: дастранҷи пажӯҳишҳои айнишиносӣ” ахиран ба ин муносибат аз чоп баромадааст. Муаллифи он Субҳони Аъзамзод, адабиётшинос ва пажӯҳишгари тоҷик аст.

“Он маҳсули андешаҳои нигоранда дар фосилаи солҳои гуногун аст, ки тарҳи он асосан дар заминаи нақду назархоҳиҳои устод Садриддин Айнӣ ба миён омадааст”, – менависад рӯзноманигор.

Ёдовар мешавем, ки 15-уми апрели соли ҷорӣ 145-солагии Садриддин Айнӣ, сардафтари адабиёти муосири тоҷик ва Қаҳрамони Тоҷикистон таҷлил карда шуд. Ӯ соли 1878 дар деҳаи Соктареи тумани Ғиждувони шаҳри Бухоро таваллуд шудааст. Муддате дар Душанбе ва Самарқанд низ зистааст. Бо офаридани асарҳои бадеиву илмӣ аз забону адабиёт ва фарҳанги тоҷик ба таври шоиста ҳимоя кардааст. “Ёддоштҳо”, “Намунаи адабиёти тоҷик”, “Марги судхӯр”, “Ҷаллодони Бухоро” аз машҳуртарин асарҳои Садриддин Айнӣ ба ҳисоб мераванд.

Ӯ аз соли 1951 то охири умр Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон буд ва соли 1954 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...