“Ба ҳар шахс ё гуруҳи тахрибкор посухи муносиб медиҳем”. Нигаронии ВКХ аз сарҳадшиканӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Asia-Plus

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВКХ) бо нашри изҳороти хос аз амали ғайриқонунии сарҳадшиканӣ ва террористӣ, ки имрӯз, 26-уми апрел, дар минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд, изҳори нигаронии амиқ кард.

Ин ниҳод навишт, ки 26 апрели соли равон 2 аъзои ташкилоти байналмилалии террористӣ бо мақсади анҷом додани амали террористӣ дар ҳудуди Тоҷикистон хати сарҳади давлатиро аз қаламрави Афғонистон дар минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ғайриқонунӣ убур намуданд.

“Ҳарду террорист аз ҷониби неруҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон безарар гардонида шуда, нақшаи муғризонаи онҳову ҳомиёнашон бар бод дода шуд”, – навишт ин ниҳод.

Дар идомаи изҳороти худ ВКХ менависад, ки “аз ин амали ғайриқонунии сарҳадшиканӣ ва террористӣ изҳори нигаронии амиқ намуда, онро шадидан маҳкум мекунад ва иброз медорад, ки сарҳади Тоҷикистон бо қудрати том ҳифз карда мешавад ва нерӯҳои мусаллаҳи кишвар ба ҳар шахс ё гуруҳе, ки дар фикри вайрон кардани он мебошанд, посухи муносиб ва сареъ хоҳанд дод”.

Қабл аз ВКХ, Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо нашри изҳорот аз пешгирии сарҳадшиканӣ ва амали террористӣ дар сарҳади кишвар бо давлати Афғонистон хабар дода буд.

Ин ниҳод навиш, ки субҳи имрӯз, 26 апрел, дар як изҳороти худ гуфт, ки ду аъзои  ташкилоти байналмилалии террористӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистонро дар минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии 11-уми Отряди сарҳадии «Дарвоз», воқеъ дар деҳаи Дашти Язғуломи ноҳияи Ванҷи ВМКБ ба таври ғайриқонунӣ убур намудаанд.

“Ҳарду террорист аз ҷониби неруҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон безарар гардонида шуданд”, – навишт КДАМ.

Ба иттилои ин ниҳод, дар ҷойи ҳодиса 2 автомати Калашников, 2  тапончаи истеҳсоли хориҷӣ, 8 норинҷаки дастӣ, 12 тирдон бо тир, 19 баста моддаи тарканда, 2 воситаи махсуси алоқа ва 2 телефони мобилӣ, ки ба террористон тааллуқ дошт, дарёфт ва мусодира гардид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...