Ба ҷавонони тоҷик истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоиро меомӯзанд

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Имрӯз, 26-уми апрел, дар Душанбе Форуми ҷавонон дар мавзӯи  “Дарёфти роҳҳо ва абзорҳои истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиатҳои миллӣ ва тарғиби арзишҳои давлатдориву давлатсозӣ” оғоз гардид.

Дар форум асосан ҷавонон ва блогерони тоҷик ширкат меварзанд ва дар бораи тарзи дуруст истифода намудан аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҳарф мезананд.

Роҳандозии ин форум ба дӯши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш аст.

“Бо назардошти зиёд гардидани аҳамияти шабакаҳои иҷтимоӣ ва нақши истифодабарандагони он дар рушди давлату ҷомеа зарурати зиёд намудани чорабиниҳо ҷиҳати фаҳмонидани истифодаи дуруст ва оқилонаи онҳо ба миён омадааст”, – мегӯянд масъулини Кумита.

Зикр гардид, ки “дар айни замон, шабакаҳои иҷтимоӣ на танҳо бо мақсади муошират истифода карда мешаванд, балки барои пешбурди тиҷорат, инчунин барои паҳн кардани итгилооти аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим фаъолона истифода мешаванд”.

Дар ин форум, баромади намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон пешбинӣ мешавад.

Маърузаи намояндагони Вазорати фарҳанг, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Кумитаи ТВ ва радио, Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Хадамоти алоқа низ дар назар аст.

Дар чорабинӣ намояндаи АМИТ “Ховар” ва Агентии иттилоотии “Азия-Плюс” низ суханронӣ хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, ки ин форум дар доираи дастури Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон роҳандозӣ мегардад. Таъкид мешавад, ки дар форуми мазкур 200 блогери ҷавон ширкат меварзанд.

Форуми ҷавонон то рӯзи 30-юми апрел идома карда, пас аз Душанбе, ширкаткунандагон ба шаҳру навоҳии Айнӣ, Панҷакент, Истаравшан, Хуҷанд ва Гулистон сафар хоҳанд кард.

Ҳамин тавр, дар идомаи форум бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар рӯзҳои 27-29-уми апрел иштирокчиён бо ширкати зиёда аз 60 блогери ҷавон аз мавзӯъҳои сайёҳиву таърихии минтақа ва дастоварҳои ҳунарҳои мардумӣ боздид мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки Форуми ҷавонон бори нахуст аст, ки дар мавзӯи “Дарёфти роҳҳо ва абзорҳои истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиатҳои миллӣ ва тарғиби арзишҳои давлатдориву давлатсозӣ” роҳандозӣ мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...